Ба гузориши хабаргузории Обно ба нақл аз Шинхуа, Ли Сунг, намояндаи доимии Чин дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена эълом кард, ки иттиҳоми охири Амрико дар бораи анҷоми озмоиши таркиши ҳастаӣ аз ҷониби Чин комилан беасос аст.
Вай таъкид кард: Амрико бо ҳадафи заминасозӣ барои аз сар гирифтани озмоишҳои ҳастаӣ, ин иттиҳомотро матраҳ мекунад.
Томас ДиНанно, муовини вазири хориҷаи Амрико дар конфронси халъи силоҳ дар Женева, Чинро ба анҷоми як озмоиши таркиши ҳастаӣ дар моҳи июни соли 2020 муттаҳим карда буд.
Дар вокуниш ба ин иддао, Роберт Флойд, дабири иҷроияи Созмони Паймони манъи ҷомеи озмоишҳои ҳастаӣ (CTBTO) баёнияе содир кард ва тавзеҳ дод, ки Сомонаи пайгирии байналмилалии ин созмон дар он замон ҳеҷ рӯйдоде бо хусусиятҳои таркиши озмоиши силоҳи ҳастаиро мушаххас накардааст.
Your Comment