Ба гузориши Икно ба нақл аз манобеи ироқӣ, Абул-Ҳусейн дабири кулли ҳизбуллоҳи Ироқ бо судури баёнияи расмӣ таъкид кард, ки меҳвари муқовимат дар баробари ҳар гуна таҷовузи эҳтимолӣ дар канори ҶИЭ хоҳад истод.
Ӯ дар ин баёния ба Амрико ҳушдор дод, ки ҳар гуна ҷанги дубора алайҳи Эрон осон нахоҳад буд, балки <Оташ>-е хоҳад буд, ки масолеҳи онро нобуд карда ва боиси зиллаташ мешавад.
Ал-Ҳамидови дар баёнияи худ гуфт: <имрӯз шоҳиди сафҳаи наве аз набарди миёни ду ҷибҳаи ҳақ ва ботил ҳастем. Ҷибҳаи ҳақ бо ёрии Худованди мутаъол дорои абъоди равшан ва ҳуввияти мушаххас аст, дар ҳоле ки ҷаҳон ҷибҳаи ботилро мешиносанд ва рафтори ҷинояткорона ва руйкарди хасмонаи онро нисбат ба миллатҳои озодихоҳе ки аз такаббури ампериолисти сар боз мезананд, шиносои карда аст. ҳичкас аз зулм ва ситами онҳо дар амон намондааст, магар касоне, ки пазируфтаанд абзоре барои дастёби ба аҳдофи шайтони ва палиди онҳо бошанд>.
342/
Your Comment