18 Январ 2026 - 23:20
Source: IQNA
Маҳкумияти дахолати Амрико дар нишасти шурои амният дар бораи таҳаввулоти Эрон

Нишасти шурои амнияти созмони милал дарбораи таҳаввулоти ахири Эрон рӯзи панҷшанбе баробар бо 15 январи 2026 (25 деймоҳ) бо маҳкумияти дахолати Амрико дар умури дохилии Эрон дар мақари созмони милал дар Ню-Йорк баргузор шуд.

Ба гузориши икно: ба нақл аз манбаъҳои хабари, нишасти шурои амнияти созмони милал дар бораи таҳаввулоти ахири Эрон рӯзи панҷшанбе дар мақари созмони милал дар Ню-Йорк бо маҳкум кардани дахолати Амрико дар умури дохилии Эрон баргузор шуд.

Нишасти шурои амният дар бораи Эрон дар ҳоле ба хости Амрико баргузор гардид, ки <Доналд Трамп> ва мақомоти Амрикоӣ дар рӯзҳои ахир изҳорот ва мавзӯъҳои мудохила ҷӯёнаи дар бораи таҳаввулоти Эрон доштанд, ки бо ташдидии фазосозии расонаи, тарҳи иддиоҳои таъйид шуда ва таҳдидҳои лафзи алайҳи Теҳрон ҳамроҳ буда аст.

<Ғуломҳусейн Дарзи> сафир ва намояндагии ҶИЭ дар созмони милал дар ин нишаст зимни арзи таслият ба хонаводаҳои кушта шудагон дар ҳодисаҳои ахир дар Эрон гуфт: дар тули ҳафтаи гузашта Эрон шаҳрвандони бегуноҳеро аз даст дод аз ҷумла нерӯҳои амнияти ва низоми ва афроди ҷавоне ки ба шакли бераҳмона ба қатл расиданд, хеле аз афроди пулис ҷони худро дар кафи даст гузоштанд то аз шаҳрвандон муҳофизат кунанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha