Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз «Ал-Ҷазира», Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса пас аз вуруд ба Пекин дар сафари $3$-рӯза ба Чин бо Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дидор ва гуфтугӯ кард.
Раиси ҷумҳури Чин дар дидор бо ҳамтои фаронсавии худ дар Пекин гуфт, ки Чин ва Фаронса бояд аз чандҷонибагарӣ дар муносибатҳо ҳимоят кунанд.
Вай дар ин дидор ҳамчунин бар омодагии Пекин барои ҳамкорӣ бо Порис барои тақвияти гуфтугӯ ва ҳамкорӣ таъкид кард.
Макрон низ дар дидор бо раиси ҷумҳури Чин гуфт, ки Пекин тавоноии сарнавиштсозе дар таъсиргузорӣ бар оташбас дар Укроин дорад.
Макрон афзуд, ки бояд аз ихтилофот убур кард ва барои бозгардондани таодули тиҷорӣ, сармоягузории мутақобил анҷом дод.
Your Comment