Козим Ғарибободӣ бо интиқоди шадид аз мавзеъгириҳои расонаӣ ва ҳамчунин гузориши ахири Гроссӣ, ки ба гуфтаи вай ҳамвора талош карда то барномаи сулҳомези ҳастаии Эронро таҳдидомез ҷилва диҳад, афзуд: "Нақши вай дар таҷовузи режими саҳюнистӣ дар қолаби санаде ба Шӯрои Амният мунъакис мешавад."
Ғарибободӣ ҳамчунин тасриҳ кард, ки мудири кулли Ожонс "мутаассифона то кунун баъд аз чандин ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба тасвисоти сулҳомези ҳастаии Эрон, ин ҳамлаҳоро маҳкум накардааст." Ӯ бо баёни ин ки Гроссӣ "комилан мушаххас аст, ки ба абзори дасти режими саҳюнистӣ ва Амрико табдил шуда", афзуд: "Бо иқдомоти худ, шарики ҷинояти таҷовуз ва ҳамлаи мусаллаҳона буда ва дар баробари хунҳое, ки рехта шудааст, масъулият дорад."
Муовини вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар поён изҳор дошт: "Оқои Гроссӣ собит кард, ки салоҳияти идораи созмонҳои байналмилалиро надорад."
Your Comment