21 Июн 2025 - 13:16
Source: IQNA
Эъломи ҳамбастагии «Торутӣ», қории маъруфи мисрӣ бо мардуми Эрон

ИКНА - Абдулфаттоҳ Торутӣ, қории маъруфи мисрӣ, ҳамбастагии худро бо мардуми Эрон дар муқобила бо режими ишғолгари саҳюнистӣ изҳор намуда, аз Худованди Мутаъол барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба баракати Қуръони Карим пирӯзӣ ва тасдиқи илоҳиро талаб кард.

Шайх Абдулфаттоҳ Торутӣ, қории маъруф ва довари байнулмилалии мусобиқоти ҷаҳонии Қуръон, дар паёми махсусе ба хабаргузории байнулмилалии Қуръон (ИКНА), ҳамбастагии худро бо миллати бузурги Эрон дар рӯёрӯӣ бо ҷиноятҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба Эрон баён дошт.

Торутӣ дар ин паём, пирӯзӣ ва тасдиқи илоҳиро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мардуми Эрон ба баракати Қуръони Карим хостор шуд ва хитоб ба миллати Эрон таъкид кард:
«Дилҳои мисриҳо ва раҳбарияти онҳо бо шумоянд ва онон пуштибони ҳар чизе ҳастанд, ки шумо дар баробари душмани ѓосиб ва саҳюнистӣ анҷом медиҳед.»

Матни комили паёми Абдулфаттоҳ Торутӣ ба шакли зер аст:

«Аз Худованди Мутаъол барои шумо пирӯзӣ ва тасдиқи илоҳиро ба баракати Қуръони Карим талаб менамоям. Дилҳои мардуми Миср ва раҳбарони онҳо бо шумоянд ва онҳо пуштибони ҳама чизе ҳастанд, ки шумо дар муқобили душмани ѓосиби саҳюнистӣ анҷом медиҳед. Худо шуморо ба пирӯзии бузурге нусрат диҳад. Мо ҳамвора дар намозҳоямон барои шумо дуо мекунем.»

Доктор Абдулфаттоҳ Торутӣ дар идомаи эъломи ҳамбастагӣ бо мардуми Эрон дар муқобила бо режими ишғолгари саҳюнистӣ, видеое аз тиловати сураи мубораки Наср нашр кард:

 (Сураи Наср):
Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим إِذَا جَاءَ نَصْرُ اللَّهِ وَالْفَتْحُ (1) Ҳангоме ки ёрии Худо ва пирӯзӣ расад, وَرَأَيْتَ النَّاسَ يَدْخُلُونَ فِي دِينِ اللَّهِ أَفْوَاجًا (2) Ва бубинӣ, ки мардум гурӯҳ-гурӯҳ ба дини Худо дохил мешаванд, فَسَبِّحْ بِحَمْدِ رَبِّكَ وَاسْتَغْفِرْهُ ۚ إِنَّهُ كَانَ تَوَّابًا (3) Пас Парвардигоратро ба ҳамди Ӯ тасбеҳ гӯй ва аз Ӯ мағфират бихоҳ, ки Ӯ бахшандаи тавбаҳо аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha