Ба гузориши ИКНА, шабакаи 13-и режими саҳюнистӣ эълом кардааст, ки Эрон дар ҳамлаи ахир, дар чорчӯби ёздаҳумин мавҷи амалиёти «Ваъдаи Содиқи 3», 20 мушакро ба самти манотиқи мухталифи қаламравҳои ишғолшуда партоб намудааст.
Саҳаргоҳ рӯзи чаҳоршанбе, 18 июни 2025 соати 1:09 дақиқаи субҳ, манобеи маҳаллӣ гузориш доданд, ки мавҷи наве аз мушакҳои Эрон ба шаҳрҳои гуногуни Фаластини ишғолшуда партоб шудааст.
Расонаҳои саҳюнистӣ аз шунида шудани таркишҳои шадид дар Тел-Авив хабар дода, эълом кардаанд, ки ба дунболи ин мушакборон, вазъ дар пойтахти режими саҳюнистӣ ба ҳолати изтирорӣ даромадааст.
Омадани мушакҳо то Қудс — бори аввал
Ройтерз ба нақл аз шоҳидони айнӣ гузориш додааст, ки таркишҳои сахт дар Тел-Авив шунида шудааст ва Қудс бори аввал мавриди мушакборони мустақим қарор гирифтааст.
Расонаҳои саҳюнистӣ ҳамчунин аз таркишҳои шадид дар минтақаи Ашарон дар шимоли Тел-Авив ва низ сӯхтори густурда дар минтақаи Мудеъин дар маркази қаламравҳои ишғолӣ хабар доданд.
Ба гуфтаи ин расонаҳо, мавҷи ҳамлаҳо тамоми хоки ишғолиро аз шимол то ҷануб фаро гирифтааст ва системҳои дифоии ҳавоии Исроил натавонистаанд ин ҳамлаҳоро пурра хунсо кунанд.
Изҳороти расмии Сипоҳи Посдорон
Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эррон, бо нашри як баёния эълом кард, ки мавҷи ёздаҳуми амалиёти ифтихормандонаи «Ваъдаи Содиқи 3» бо истифода аз мушакҳои насли аввалии «Фаттоҳ», оғози поёни системаи мудофиавии афсонавии артиши саҳюнистӣ аст. Дар ин баёния, ба фармондеҳон ва размандагони содиқи Неруи ҳаво-фазоии Сипоҳ табрик гуфта шудааст.
Мушакҳои қавӣ ва манёврпазири «Фаттоҳ» шаби гузашта бо убур аз сипари мудофиаи мушакии душман, паноҳгоҳи тарсуи саҳюнистҳоро борҳо ба ларза оварда, паёми қудрати Ҷумҳурии Исломии Эронро ба иттифоқчии ҷангталаби Тел-Авив, ки дар хаёлҳо ва пиндори беасос ғарқ аст, расонданд.
Эрон мегӯяд: осмони сарзаминҳои ишғолиро ба даст даровардем
Ин ҳамлаи мушакӣ нишон дод, ки Эрон назорати комил бар осмони сарзаминҳои ишғолшуда ба даст оварда ва мардуми муқими он дар баробари ҳамлаҳои мушакии Эрон комилан бе дифоъ мондаанд.
Шабакаи Ал-Ҷазира: 30 мушак дар 20 дақиқа
Шабакаи Ал-Ҷазира ба нақл аз радиои расмии Исроил навишт: 30 мушаки Эрон дар ду мавҷ, дар давоми 20 дақиқа, ба маркази Исроил афтодаанд.
342/
Your Comment