Ба гузориши хабаргузории Абна бо истинод ба хабаргузории Шаҳоб, Ҷунбиши Муқовимати Исломии (Ҳамос) бо содир кардани баёнияе эълон кард: "Ҳамлаҳои густурдаи имрӯзи шаҳрнишинҳо ба саҳнҳои Масҷидулақсо таҳти ҳимояти шадиди нерӯҳои ишғолгар ва иҷрои маросими таҳрикомези талмудӣ дар ин макони муқаддас, ҷинояти ҷадид ва нақзи тақаддуси Масҷидулақсо ба шумор меравад."
Дар баёнияи Ҳамос омадааст: "Ин ҳамлаҳои рӯ ба афзоиш қисме аз тарҳҳои барномарезишудаи яҳудисозӣ аст, ки тавассути кобинаи ишғолгари фашист дар Қудс раҳбарӣ мешавад ва дар чаҳорчӯби талошҳои мустамири онҳо барои нобудии ҳувияти арабии шаҳри Қудс ва тасаллут бар Масҷидулақсо анҷом мешавад."
Ҳамос изҳор кард: "Мо миллати Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ, Қудс ва сарзаминҳои ишғолшударо ба афзоиши муқовимат дар баробари тарҳҳои фашистии ишғолгарон, ки сарзаминҳо ва муқаддасоти моро ҳадаф қарор додаанд, даъват мекунем ва ҳамчунин бар зарурати ҳузури густурда дар Масҷидулақсо ва ба шикаст кашидани талошҳои шаҳрнишинҳо барои таҳмили тақсими замонавӣ ва маконӣ ин макони муқаддас таъкид мекунем."
Дар баёнияи Ҳамос омадааст: "Мо аз кишварҳои арабӣ ва исломӣ, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Иттиҳоди Араб хоҳиш мекунем, ки амали фаврӣ ва ҷиддӣ барои муқобила бо амалҳои таҷовузкоронаи ишғолгарон дар Қудс ва Масҷидулақсо ва ҳамчунин тавқифи ҷанги наслкушии ҳамаҷониба алайҳи миллати Фаластин анҷом диҳанд."
Your Comment