Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абно — бархе манобеъ аз ҳуҷуми садҳо муҳоҷирнишинони саҳюнист ба масҷиди Ал-Ақсо бо ҳимояти нерӯҳои пулиси режими саҳюнистӣ хабар доданд.
Ин манобеъ имрӯз панҷшанбе дар гуфтугӯ бо Алҷазира изҳор карданд: “Имрӯз, ки бо ҳафтоду ҳафтумин солгарди таъсиси режими ҷаълии саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолшудаи Фаластин рост омад, 515 муҳоҷирнишини саҳюнист бо ҳимояти нерӯҳои пулиси режими саҳюнистӣ ба масҷиди Ал-Ақсо ҳуҷум карданд.”
Ҳуҷумҳои имрӯз ба масҷиди Ал-Ақсо ба сурати гурӯҳҳои мухталиф аз дарвозаи Ал-Муғорба, воқеъ дар ғарби ин масҷид, анҷом шуд ва видеоҳое аз ҳузури муҳоҷирнишинони саҳюнист дар дохили масҷид дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуданд.
Ин ҳуҷумҳо бо даъвати гурӯҳҳои рости саҳюнистӣ ба муносибати солгарди таъсиси режими ҷаълии саҳюнистӣ анҷом шуданд.
Режими саҳюнистӣ даъво мекунад, ки вазъияти мавҷуд дар масҷиди Ал-Ақсо нигаҳ доштааст, аммо Идораи Авқофи Исломии шаҳри Қудс, вобаста ба Вазорати Авқофи Урдун, таъкид дорад, ки мақсуд аз шароити мавҷуд ҳамоне аст, ки аз чанд даҳа пеш аз ишғоли соли 1967 ҳоким буд ва бар асоси он баргузории намоз дар масҷиди Ал-Ақсо фақат ҳаққи мусалмонон аст ва Идораи Авқоф ба сурати истисноӣ масъулияти умури масҷидро бар уҳда дорад.
Аммо пулиси режими саҳюнистӣ дар соли 2003 бо вуҷуди мухолифатҳои мустамири Идораи Авқофи Исломии шаҳри Қудс ба сурати якҷониба ба муҳоҷирнишинони саҳюнист иҷозаи ҳуҷум ба масҷиди Ал-Ақсо дод.
Аз он замон муҳоҷирнишинҳо тақрибан ҳар рӯз ба ин макон муқаддаси мусалмонони ҷаҳон ҳуҷум мекунанд ва ин амалҳои таҷовузкорона ва таҳқиромез дар идҳои яҳудиён ба авҷи худ мерасад.
342/
Your Comment