9 Апрел 2025 - 22:14
Source: Parstoday
Худкифоии комили Эрон дар сохти моторҳои пешрафтаи дарёӣ; аз моторҳои 3 мегаватӣ то вотерҷети миллӣ

Вазорати дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо талошҳои мустамару пажӯҳишҳои илмӣ, ба худкифоии комил дар заминаи сохти анвои моторҳо даст ёфтааст.

Насли ҷадиди моторҳои семегаватӣ то 60 дарсад бумисозӣ ва тавлид шуд. Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳ, амири халабон Азиз Насирзода дар ин бора хабар дод, ки то поёни имсол низ 80 дарсад аз мароҳили тавлиди ин моторҳо комилан бумисозӣ хоҳад шуд. Вай ҳамчунин аз дохилисозии ин моторҳо ба таври комил дар соли оянда хабар додааст.

Ҷузъиёти моторҳои се мегаватӣ

Ин навъи моторҳо бо тавони се ҳазор киловатт бо даври ҳазор ПМ ва бо вазни 18 тон, ки бо ҳамсонсозишуда бо генераторҳои нерӯгоҳӣ то ҳудуди 25 тон вазн хоҳад дошт. Муваллидҳои тавлиди барқ ба сурати кубл бо чанд мотору дизели генератор аз дигар корбурдҳои моторҳои семегаватӣ аст. Ҳамчунин бо таркиби ин моторҳо ба унвони як нерӯгоҳ бо миқёси кучак дар ширкатҳои кучак ҳам қобилияти корбурд дорад. Бо истифода аз ин навъ моторҳо метавон то ҳудуди зиёде нотарозиҳои барқи кишварро мудирият кард. Аз ин рӯ бо ифтитоҳи хати тавлиди ин навъи моторҳо дастикам барои 200 нафар ба сурати мустақим ва ҳудуди 600 нафар низ ғайримустақим фурсати иштиғол фароҳам шуд.

Худкифоии комили Эрон дар сохти моторҳои пешрафтаи дарёӣ; аз моторҳои 3 мегаватӣ то вотерҷети миллӣ

Тасвире аз моторҳои семегаватӣ

Сарфаҷӯии якмиллион евроӣ

Бо сохти ҳар як мотори 3 мегаватӣ мудиромили ширкати дизели сангини Эрон Исо Муродӣ муътақид аст, ки насли ҷадиди ин навъи моторҳо дар ҳавзаи риқобатӣ ва қиматӣ мазияте ки барои кишвар дорад, ин аст, ки ба ивази ҳар мотор беш аз як миллион евро аз хуруҷи арз аз кишвар ҷилавгирӣ хоҳад шуд.

Худкифоии комили Эрон дар сохти моторҳои пешрафтаи дарёӣ; аз моторҳои 3 мегаватӣ то вотерҷети миллӣ

Тасвирӣ аз мотори 3 мегаваттии

Мотори дизели миллӣ

Мотори дизели миллии 1300 асби бухор дар анвои мухталифи газоилӣ ва дугонасӯз тавлид мешавад. Ба гунае ки корбурдҳои густардае дар масорифи рейлӣ, ҷодаӣ, дарёӣ, нафт, неру ва дифоъ дораду Вазорати дифоъ низ ба унвони яке аз баҳрабардорон дар ҳавзаи дифоъ бо ин кор, ба вижа дар ҳавзаи дарёӣ ва зиреҳӣ як гоми баланд дар худкифоӣ бархоҳад дошт. Ҳамчунин коҳиши олояндагӣ, адами истифода аз сӯхтҳои фусилӣ, истифода аз пояи газсӯз, кучак будан аз шохисаҳои он аст. Ин мотор дар ҳавзаи ҳаффорӣ ва сарчоҳӣ (санъатӣ) ва нерӯгоҳии муртабит бо барқи изтирорӣ корбурд дорад.

Худкифоии комили Эрон дар сохти моторҳои пешрафтаи дарёӣ; аз моторҳои 3 мегаватӣ то вотерҷети миллӣ

Тасвирӣ аз мотори дизели миллӣ

Мотори бензинии Тӯс

Мотори бензинии буруннасби дарёии Тӯс бо қудрати 200 асби бухор қодир аст шиноварҳои мавриди назарро бо суръати 41 нот, муодили 74 километр бар соати дарёӣ ба ҳаракат дароварад. Сомонаҳои равонкорӣ, хунуккорӣ, муваллиди қудрат, интиқоли қудрат ва электрикол аз фанновариҳое аст, ки дар ин мотор ба кор гирифта шудааст. Дастёбӣ ба тарроҳии сохти элементҳо, маҷмӯаҳои механикии электроникии моторҳои буруннасби дарёӣ ва дастёбӣ ба дониши дарёисозии моторҳои заминӣ ва контроли моторҳои заминӣ ва дарёӣ ва истиқрори тавсеаи таҷҳизоту озмоишгоҳҳои мавриди ниёзи моторҳои буруннасбу заминӣ аз дастовардҳои бумисозии мотори дарёии Тӯс аст.

Худкифоии комили Эрон дар сохти моторҳои пешрафтаи дарёӣ; аз моторҳои 3 мегаватӣ то вотерҷети миллӣ

Тасвире аз мотори бензинии буруннасби дарёии Тӯс

Мотори вотерҷети миллӣ

Ин мотор бо ҳамкории саноеи дарёии Вазорати дифоъ, Донишгоҳи Шариф ва ширкатҳои хусусиву донишбунён сохта шудааст. Ин сомона барои пешрониши шиноварҳои мухталиф дар андозаҳои низомӣ, оташнишон, имдод, тиҷорӣ ва тафреҳӣ бакоргирӣ мешавад. Сохт ин мотор тавассути мутахассисони дохилӣ сарфаҷӯии 30 дарсадӣ нисбат ба хариди маҳсулоти хориҷӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт. Ин сомона бо таваҷҷуҳ ба инки зоидаеро дар кафи шиновар эҷод намекунад, қобилияти ҳузур дар обҳои камумқро ба вуҷуд меоварад ва метавонад дар таваққуфу тағйири ҷиҳати сареъи шиноварҳо муассир бошад.

Худкифоии комили Эрон дар сохти моторҳои пешрафтаи дарёӣ; аз моторҳои 3 мегаватӣ то вотерҷети миллӣ

Мотори вотерҷети миллӣ

Вазорати дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳ бо талошҳои мустамару пажӯҳишҳои илмӣ, ба худкифоии комил дар заминаи сохти анвои моторҳо даст ёфтааст. Ин дастоварди муҳим на танҳо ниёзҳои дохилиро ба таври қобили таваҷҷӯҳе таъмин мекунад, балки навидбахши пешрафтҳои бештар дар оянда аст. Бинобарин вазорати дифоъ қодир аст бо такя бар дониши бумӣ ва тавсеаи фанновариҳои навин, гомҳои баландтаре дар ҷиҳати иртиқои тавонмандиҳои худ дар ин ҳавза бардораду ҷойгоҳи худро ба унвони яке аз пешгомони санъати мотор дар сатҳи ҷаҳонӣ тасбит кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha