15 Март 2025 - 22:10
Source: Parstoday
Нигоҳе ба охирин таҳаввулоти перомуни музокироти оташбаси фаластиниён бо режими ишғолгар

Порстудей-Сухангӯи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин-«Ҳамос» гуфт: Озодии асири саҳюнист – амрикоӣ ба маънои тамоюли Ҳамос барои музокироти дубораи оташбас нест.

 амос рӯзи ҷумъа бо судури баёнияе эълом кард, ки бо озодии «Идон Александр»-асири душаҳрвандии амрикоӣ-исроилӣ дар Ғазза мувофиқат кардааст. Ба гузориши Порстудей, Ҳозим Қосим, сухангӯи ҷунбиши Ҳамос рӯзи шанбе гуфт: Озодии Идон Александр, низомии саҳюнисти-амрикоӣ, як ҳаракати мусбат будааст. Вай таъкид кард: Ин иқдом ба маънои тамоюли Ҳамос барои музокироти тоза дар бораи тарҳи оташбас нест.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Қосим гуфт: Мо дар бораи тавофуқҳои нав ё ҷонибе сӯҳбат намекунем, балки ба думболи иҷрои комили тавофуқи оташбас дар марҳилаҳои мухталифи он ҳастем. Сухангӯи Ҳамос бо ишора ба мавзеъҳои Бинёмин Натанёҳу , нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт: Натанёҳу ҳар гуна пешниҳоде, ки мунҷар ба такмили раванди оташбас шавадро рад мекунад, зеро аз фن.урӯпошии кабинаи эътилофи худ метарсад.

 Тозатарин ҷузиёти пешниҳоди оташбас ва посухи Ҳамос

 Аммо бояд дид дар рӯзи нахусти иҷрои тавофуқ, чӣ меҳварҳои мадди назар будааст:

 Тибқи хабари ИРНА,Ҳамос бояд панҷ асири исроилӣ аз ҷумла Идон Александр, ки тобеияти Амрикоро низ дорад, озод кунад. Дар муқобил Исроил низ уҳдадор ба озодии шуморе аз асирони фаластинӣ хоҳад шуд. Музокироти ғайримустақим байни ду тараф ба муддати 50 рӯз пас аз табодули асирон идома меёбад, то дар бораи оташбаси доимӣ ва табодули густурдатари асирон гуфтугӯ шавад. Ҳамос пешниҳод дода, ки танҳо Иидон Александр ва чаҳор ҷасади исроилиро таҳвил диҳад, машрут бар инки озодии асирони фаластинӣ ба таври мушаххас ва тазминшуда анҷом шавад. Ҳамос ҳамчунин хостори оғози фаврии музокирот дар бораи оташбаси доимӣ ҳамзамон бо табодули асирон, бозгушоии гузаргоҳҳо ва ирсоли кумакҳои башардӯстона пеш аз супурдани асирони исроилӣ шудааст.

 Аз сӯи дигар Тел-Авив низ хоҳони озодии 11 асири зинда, аз ҷумла Иидон Александр ва гирифтани 16 ҷасад шудааст. Дар пешниҳоди Исроил озодии 120 асири фаластинии маҳкум ба ҳабси абад, 1110 асири дигар аз навори Ғазза ва супурдани 160 ҷасади фаластинӣ матраҳ шудааст. Исроил хостори коҳиши муддати музокироти ғайримустақим пас аз озодии асирон аз 50 рӯз ба 40 рӯз шуда ва таъкид карда, ки оташбаси доимӣ бояд ба шарти дарёфти иттилоот дар бораи дигар асирони исроилӣ бошад. Бархилофи пешниҳоди Ҳамос, Исроил дар посухи худ ҳеҷ ишорае ба ақибнишинӣ аз борикаи Ғазза накарда ва хоҳони эҷоди механизмҳое барои итминон аз ирсоли кумакҳои башардӯстона сирфан ба ғайринизомиён шудааст.

 Талоши ҳалқаи Натанёҳу барои ноком гузоштани музокироти Амрико ва Ҳамос

Дар идомаи ахбори музокироти оташбас, рӯзномаи саҳюнистии «Ядиъут Оҳорунут» ба нақл аз мақомоти Амрико фош кард, ки Рон Дирамр, вазири наздик ба Бинёмин Натанёҳу, ҳидояти як корзори махфӣ барои шикасти музокирот миёни давлати Амрико ва ҷунбиши Ҳамосро бар ӯҳда дорад. Бархе манобеъи амрикоӣ фош карданд, ки Адам Буҳлер, музокирҳкунандаи амрикоӣ, мустақиман бо Ҳамос вориди гуфтугӯ шуда буд, аммо ҳалқаи Натанёҳу бо роҳандозии як маъракаи расонаӣ ва ифшои музокироти маҳрамона, ӯро аз мақоми худ барканор кард.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha