Заҳро Иршодӣ рӯзи ҷумъа дар шастунуҳумин иҷлоси комиссияи мақоми Зан дар Нию-Йорк изҳор кард:Пойдорӣ, азм ва иродаи росихи занони эронӣ, омили калиди пешрафт дар тамоми бахшҳои зиндагиашон будааст.
Иршодӣ бо ишора ба пешрафтҳои шахсӣ ва иҷтимоии занони эронӣ пас аз Инқилоби исломӣ, таъкид кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон нақши меҳварии занон дар пешбурди тавсеаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро ба расмият мешиносад. Имрӯза 33 дарсади аъзои ҳайати илмии донишгоҳҳо, 40 дарсади пизишкони мутахассис, 30 дарсади пизишкони фавқитахассус, беш аз 50 дарсади нируи кори ҳавзаи саломат, 45 дарсади нируи кори бахши давлатӣ ва 74 дарсади бахши хусусиро занони эронӣ ташкил медиҳанд.
Ба гуфтаи муовини намояндагии Эрон дар СММ, солона 300 ҳазор зани рустоӣ ва ашоири эронӣ омӯзишҳои корофринӣ дарёфт мекунанд ва 32 ҳазор бунгоҳи иқтисодӣ дар Эрон мутааллиқ ба занон аст. Занони эронӣ ҳамчунин 41 дарсади касбу корҳои навро ба худ ихтисос додаанд. Дар давлати кунунӣ беш аз 190 зан дар симатҳои мудириятии Ҷумҳурии исломӣ таъин шудаанд, ки аз ҷумла онҳо метавон ба интисоби чаҳор зан дар кабина (шомили сухангӯи давлат ва вазири роҳу шаҳрсози), 14 раиси зан барои ниҳодҳои давлатӣ, 13 муовини вазир, 17 мушовир ва дастёри вазир, 110 мудири кул, 17 устондор ва 16 фармондори зан ишора кард.
Иршодӣ дар идомаи суханронии худ ба ҷиноёти бардавоми Исроил алайҳ фаластиниён ба вежа занону кӯдакон ишора кард ва гуфт: Иқдомоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар Ғазза, чизе ҷуз як корзори бераҳмонаи наслкшӣ, ҷиноёти ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият нест. Қатли оми густурдаи занон, кӯдакони бегуноҳ, тахриби барқасдонаи зерсохтҳои ҳаётӣ ва оворасозии ваҳшиёнаи фаластиниҳо, монеъи баҳрамандии занон ва духтарони Фаластин аз ибтидоитарин ҳуқуқи инсониашон шудааст ва ҳар гуна имкони тавонмандсозии ононро аз байн мебарад.
Муовини намояндагии Эрон дар СММ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, чунин фоҷеъаҳоеро ба дурустӣ ташхис диҳанд ва фаврӣ ва қотеъона барои посухгӯ кардани омилони ин ҷиноёт иқдом кунанд.
Your Comment