12 Март 2025 - 19:22
Source: Parstoday
Чанд хабари муҳим дар равобити Теҳрону Маскав; Нигоҳе ба мусоҳибаи ахири сафири Русия дар Эрон

Порс-Тудей. Сафири Русия дар Теҳрон мегӯяд, ки иҷрои тавофуқи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон ба зудӣ оғоз мешавад.

Алексей Дедов, сафири Русия дар Эрон ба тозагӣ дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо “TVBRICS”, ба ҳамкории Русияву Эрон дар тиҷорат, фарҳанг ва гардишгарӣ пардохт.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Алексей Дедов гуфт: Тиҷорати байни Русияву Эрон ба таври куллӣ раванди мусбатеро нишон медиҳад ва интизор меравад ҳаҷми тиҷорати ду кишвар имсол ҳудуди 15 дарсад нисбат ба соли гузашта, ки 4. 2 миллиард доллар буд, афзоиш ёбад.

Тасвияҳисоб

Ин дипломати рус бо баёни инки Русия шуруъ ба пазириши кортҳои системаи пардохти шитоби Эрон кардааст ва кортҳои “Мир”-и Русия низ ба зудӣ дар Эрон пазируфта мешаванд, гуфт: Ду кишвар тақрибан ба таври комил ба тасвияҳисобҳои мутақобил бо арзҳои миллӣ аз тариқи системаҳои молӣ ва бонкии худ рӯй овардаанд. Ин иқдомот заминаҳои ҳамкориҳои иқтисодиро густариш медиҳад.

Бозоре пурсуд

Алексей Дедов ҳамчунин бо ишора ба тавофуқи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон гуфт, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё имрӯз бозоре бо 190 миллион нафар ҷамъият аст, ки барои Эрон шароити тарҷеҳӣ дар воридоти коло, равияҳои гумрукии сода ва муқаррароти фаннии осонро фароҳам мекунад. Ҳамин шароити бозори Эрони ҳам барои содиркунандагони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё фароҳам аст. Ин як ҳамкории комилан судманди дуҷониба аст, ки манофеи мардумро таъмин мекунад.

Рӯзҳои фарҳангӣ

Сафири Русия дар Эрон бо ишора ба ҳамкории фарҳангии ду кишвар низ изҳор дошт, рӯйдоди калидии имсол баргузории Рӯзҳои фарҳангии Русия дар Эрон хоҳад буд. Ин рӯйдод барои моҳи июн барномарезӣ шудааст.

Гардишгарӣ

Дедов дар бораи равобити гардишгарии Эрону Русия ҳам гуфт: Равобити гардишгарии дуҷониба дар соли 2024, 13 дарсад афзоиш доштааст. Теъдоди гардишгарони эронӣ дар Русия ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш ёфтааст ва ҳамзамон 5 ҳазор гардишгари рус аз Эрон боздид кардаанд.

Ҳастаӣ

Ин дипломати рус бо ишора ба барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон низ афзуд: Пружаҳои муртабит бо энержии ҳастаии сулҳомез, аз ҷумла сохти воҳидҳои дувум ва сеюми нерӯгоҳи Бушеҳри Эрон дар марҳалаи иҷро қарор доранд. Ҳамчунин дар заминаи изотопҳои пизишкӣ ҳамкорӣ вуҷуд дорад ва ин ҳамкорӣ сатҳи дармони беморонро иртиқо медиҳад.

Платформаи байналмилалӣ

Алексей Дедов ҳамчунин дар посух ба суоли “нақши БРИКС дар тақвияти равобити Эрону Русияро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?” ба ТВБРИКС гуфт: БРИКС як платформаи байналмилалии муҳим барои ҳамкорӣ бо шуракои эронӣ аст, зеро арзишҳои ин сохтор, аз ҷумла эҳтиром ба ҳуқуқи байналмилал, ҳокимияти миллӣ ва манофеи мутақобил, ба расмият шинохтани ҳаққи мусаллами ҳар кишвар дар интихоби масири тавсеаи худ, ҳамчунин ҳамбастагӣ ва кумаки мутақобил, ба таври комил мавриди таъйиди Маскав ва Теҳрон аст.

Хабарҳои дигар аз равобити Эрону Русия

Чанде пеш Козими Ҷалолӣ, сафири Эрон дар Маскав ва Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар дидоре дар бораи масоили мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ, ба вижа таҳаввулоти Сурияву Фаластин, табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар нишасти раиси Созмони ҳавопаймоии кишварии Эрон бо ҳамтои рус муқаррар шуд, яксонсозии қавонину суръат бахшидани таъомул дар санъати ҳавоӣ ҳаракати бештаре бигирад.

Дар ин дидор бар сари тадвини қонуни муштарак дар ҳавзаи фурӯдгоҳӣ низ тавофуқ шуд.

Аз сӯи дигар, Размоиши мураккаби камарбанди амнияти дарёии 2025 бо ҳузури новгурӯҳҳои Неруи дарёии Эрон, Русия ва Чин аз рӯзи душанбе дар бандари Чобаҳори Эрон оғоз шудааст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha