Тибқи ахбори мунташира, мусаллаҳини вобаста ба Ал-ҷулонӣ аҷсоди даҳҳо нафар аз қурбониёни ҳамалоти ваҳшиёнаи ин афродро дар шаҳрҳои соҳилии Сурия ба макони номаълуме мунтақил карданд.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, шиддат гирифтани хашми умумӣ дар сутуҳи байналмилалӣ зидди ҷиноёти Ҷулонӣ дар ҳаққи алавиёни сурӣ дар рӯзҳои гузашта боис шуда, террористҳо ба дунболи ҷамъоварии аҷсоди қурбониён аз рустоҳо ва шаҳрҳои ин кишвар ва интиқоли онҳо ба макони номушаххас бошанд. Бар асоси хабаре аз “Алолам”, ин гуруҳҳо аз кӯҳҳову дарраҳо барои махфӣ кардани аҷсод истифода мекунанд.
Дар рӯзҳои ахир, манотиқи соҳилии шимоли ғарби Сурия шоҳиди афзоиши танишҳову даргириҳои хунин байни неруҳои тозамусаллатшуда бар Димишқ ба раёсати Ҷулонӣ ва дигар ҷавомеи мавриди осеб воқеъшуда аз султаву тааддии ин ҷараён будааст. Дар ин замина ва рӯзи гузашта манобеъ аз бурузи даргириҳои шадид байни Таҳрир-уш-Шом ва неруҳои Сипари Соҳил дар Тартус, ҷануби ғарбии Сурия, дар пайи идомаи ҳамлаи неруҳои Ҷулонӣ ба ин манотиқ хабар доданд. Тибқи видеоҳо ва ахбори мунташира, сиёсатҳои ҳокимони ҷадиди Димишқ хашми густардаи алавиёнро барангехтаву мунҷар ба оғози тазоҳурот дар шаҳрҳои Қардоҳа, Ҷабала, Лозиқия, Тартус, Ҳумс ва Масёф шудааст.
Охирин омор
Дар ҳамин замина, маркази мавсум ба Дидабони ҳуқуқи башари Сурия эълом кард, дар ҳудуди 40 куштори ҷамъӣ, ки тавассути афроди мусаллаҳи вобаста ба Таҳрир-уш-Шом дар соҳили Сурия то ба ин лаҳза рух додааст, беш аз 1000 ғайринизомӣ кушта шудаанд. Бино бар эъломи Дидабони ҳуқуқи башари Сурия, гуруҳҳои мусаллаҳ ба иртикоби иқдомоти муҷримона дар ҳаққи сокинон дар соҳили Сурия бо вуҷуди эъломи поёни амалиёт, идома медиҳанд.
Ҷонибдории раиси ҷумҳурии Туркия аз неруҳои Ҷулонӣ
Аммо рӯзи гузашта Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия пас аз нишасти кабинаи ин кишвар, бидуни ҳеҷ ишорае ба кушторҳое, ки тавассути шӯришиёни ҳайати Таҳрир-уш-Шом дар чанд рӯзи ахир сурат гирифта ва садҳо кушта барҷой гузоштааст, гуфт: Неруҳои боқимонда аз низоми собиқи Сурия иқдом ба ҳамалоти террористӣ кардаанд.
Раиси ҷумҳурии Туркия бо баёни инки касоне ки барои фитнаафканӣ дар Сурия талош мекунанд, дар тарҳҳояшон муваффақ нахоҳанд шуд, афзуд: Бисёре талош карданд фитнае, ки Сурия тайи 14 сол аз он ранҷ бурд, ба Туркия интиқол диҳанд.
Ин дар ҳоле аст, ки бархе мунтақидон муътақиданд, тавтеаи аз миён бардоштани Асад аз Сурия тавтеае бо ҳадафи таҷзияи ин кишвар будааст ва Туркия яке аз бозигарони калидии он ба ҳисоб меояд.
Фурсатталабӣ ва ҳамлаи ҳавоии режим ба Сурия
Дар як фурсатталабии ошкор, ҳавопаймоҳои ҷангии режими саҳюнистӣ бомдоди имрӯз – сешанбе, ҳамзамон бо таҷовузоти заминии артиши ин режим, беш аз 20 ҳамлаи ҳавоӣ ба ҳумаи Даръо, ҷануби Сурия ва минтақаи Қатано дар ҷануби ғарбии ҳумаи Димишқ анҷом доданд. Артиши режими Исроил ҳамчунин маконҳои роҳбурдӣ, аз ҷумла теппаҳои Ҷабалушшайхро таҳти контроли худ дароварда ва ба густариши ҳузури низомии худ дар устони Қунайтара дар ҷануби ғарбии Сурия идома медиҳад. Аз замони суқути давлати Асад, артиши режими саҳюнистӣ бо убур аз хати ҳоили байни минтақаи ишғолии Ҷулон бо сарзамини аслии Сурия, ба идомаи ишғоли манотиқи наздик ба Ҷулон дар устонҳои Даръо ва Қунайтара пардохтааст.
Иддаои як тавофуқ
Аммо дар хабаре дигар, шабакаи телевизионии “Суриё”, вобаста ба гуруҳи Таҳрир-уш-Шом, аз тавофуқ бо гуруҳи мусаллаҳи мавсум ба Неруҳои Сурияи демократӣ (Қасад) барои идғоми ин неруҳо дар муассисоти таҳти назари ин гуруҳ хабар дод. Ин тавофуқ пас аз нишасти Аҳмад Аш-Шаръ, мулаққаб ба Муҳаммад Ҷулонӣ бо Мазлум Абдӣ, фармондеҳи Неруҳои демократии Сурия ҳосил шуд. Дафтари Ҷулонӣ бо судури баёнияе эълом кард, ки бо имзои ин тавофуқнома неруҳои Сурияи демократӣ дар ниҳодҳои ҳукуматӣ идғом мешаванд.
342/
Your Comment