Михаил Улянов, намояндаи доими Русия дар созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена рӯзи душанбе дар суханоне бо ишора ба эҳтимоли бакоргирии механизми «Моша» алайҳи Эрон ва хуруҷи Теҳрон аз манъи густариши силаҳҳои ҳастаӣ, аз Иёлоти Муттаҳида хост, ки шафофияти бештаре ба харҷ дода ва ба мизи музокирот бозгардад. Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз шабакаи “Алолам”, Улянов гуфт: Дар 18 октябр (26 меҳри 1404) давраи иҷрои БарҶом ва Қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони Милал ба поён мерасад ва то кунун ҳеҷ талоше дар ростои тадвини барномае барои ҷойгузинии он сурат нагирифтааст.
Ин дипломати аршади рус ишора кард, ки ба далели бархе масоили ҳалнашудаи кунунӣ ва пешин, тройкаи аврупоӣ ва Иёлоти Муттаҳида метавонанд шуруъ ба муттаҳам кардани Эрон бо унвони адами пойбандӣ ба тавофуқоти подмонии Ожонси байналмилалии энержии атомӣ кунанд ва парвандаро ба Шӯрои амнияти Созмони Милал ирҷоъ диҳанд.
Улянов гуфт, чаҳор кишвари Фаронса, Олмон, Англия ва Амрико ба таври ҷиддӣ дар ҳоли баррасии иҷрои механизми мавсум ба “иснапбак” ҳастанд, ки ба маънои бозгардондани худкори тамоми таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Эрон аст.
Ин мақоми рус таъкид кард: Эрон ҳушдор додааст, дар сурати вуқуи чунин иқдоме, аз Паймони муоҳидаи манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ хориҷ хоҳад шуд. Бинобарин барои ислоҳи ин вазъият зарурӣ аст, ки Иёлоти Муттаҳида мавзеи худро ба таври шаффофтар баён кунад ва ба мизи музокирот бозгардад. Дар ин сурат дастикам рӯи коғаз фурсате барои дастёбӣ ба роҳи ҳал вуҷуд хоҳад дошт.
Улянов афзуд, агар гуфтугӯе сурат нагирад, Маскав нигарон аст, ки бо як буҳрони ҷиддӣ мувоҷеҳ шавем, зеро эҳтимоли ташдиди ғайриқобили контроли танишҳо дар ҳар лаҳза вуҷуд дорад.
342/
Your Comment