9 Март 2025 - 22:26
Source: Parstoday
Низоми сармоясолории Ғарб бо занон чӣ кардааст?

Порс тудей - Ғарб ҳамвора иддао кардааст, ки мудофеъи озодӣ ва баробарӣ аст, аммо вақте ба умқи сохторҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии он нигоҳ мекунем, бо воқеиятҳое мувоҷеҳ мешавем, ки ин иддаоҳоро зери суол мебарад.

8 март, Рӯзи зан номида мешавад ва расонаҳо ва ҷараёнҳои расмии Ғарб аз озодии занон дар ҷавомеъи худ сухан мегӯянд, аммо агар каме дақиқтар нигоҳ кунем, ҳақиқате мутафовит ошкор мешавад.

Ба гузориши Порс тудей, низоми сармоясолорӣ дар Ғарб, на танҳо мардсолор аст, балки дар он сармоя ва фоида бар арзишҳои инсонӣ, аз ҷумла каромати занон, тақаддум дорад.

Занон дар ин система ба ду шакли умда мавриди баҳракашӣ қарор мегиранд: дар арсаи кор ва дар арсаи ҳувият.

Дар ҳавзаи кор, занон барои анҷоми ҳамон кори мушобеҳ бо мардон, дастмузди камтаре дарёфт мекунанд. Ин ихтилофи ҷинсиятӣ на ба далели тафовут дар тавоноӣ, балки натиҷаи нигоҳе абзорӣ аст, ки занонро сирфан неруи кори арзон мебинад.

Набояд фаромӯш кард, ки ҳамин низоми сармоясолор буд, ки дар даврони Инқилоби санъатӣ, занонро аз хона ва машоғили суннатии худ ҷудо кард ва ба корхонаҳо кашонд, дақиқан ҳамон шевае, ки дар истисмори бумиёни африқоӣ бакор гирифт.

Аммо дар арсаи ҳувият, вазъият ҳатто печидатар аст. Занон дар фарҳанги масрафгарои Ғарб, ба колоҳое барои лаззати мардон табдил шудаанд. Таблиғот, санъати мод ва санъати секс, занонро ба самти ҷаззобияти ҷинсӣ суқ медиҳанд, то ҷое, ки ҳатто дар огаҳиҳои шуғлӣ ҳам зоҳири физикии онҳо муҳимтар аз маҳоратҳояшон дар назар гирифта мешавад.

Имрӯза, шабакаҳои иҷтимоии ғарбӣ ҳамчун «OnlyFans» батаври расмиӣ бадани занонро қиматгузорӣ мекунанд ва истеъдодҳои онҳоро нодида мегиранд. Чунин нигоҳе на танҳо каромати занонро хадшадор карда, балки модаронагиро ҳам таҳти таъсир қарор дода ва онро монеъе барои “пешрафт” намоиш медиҳад.

Натиҷа чист?

Занони ғарбӣ, барои ба даст овардани ҷойгоҳи иҷтимоӣ, ночоранд худро мутобиқ бо меъёрҳое, ки мардони сармоясолор таъйин кардаанд, тағйир диҳанд. Бо ин ҳол, Ғарб ин фарояндро «раҳоии занон аз қоидаҳои суннатӣ» меномад. Аммо оё ин ҳақиқатан озодӣ ва баробарӣ аст?

Албатта, нақди ин сохтор ба маънои нодида гирифтани талошҳо ва муваффақиятҳои занон дар ҷавомеъи ғарбӣ нест. Бисёре аз занон, духтарону модарон бо вуҷӯди мавонеъи мавҷӯд, тавонистаанд дар арсаҳои илмӣ, мудириятӣ ва фарҳангӣ муваффақ бошанд. Аммо ин муваффақиятҳо, таноқузоту нобаробариҳои амиқи сохториро нодида намегирад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha