9 Март 2025 - 22:22
Source: Parstoday
Дурӯғе ба номи гардиши озоди иттилоот; Табйини оятуллоҳ Хоманаӣ аз рафтори Ғарб дар баробари ҳақиқат

Раҳбари Инқилоби Исломӣ шокилаи низоми Ҷумҳурии Исломии Эронро мубтанӣ бар усӯлу ормонҳои қуръонӣ ва меъёрҳо ва аҳдофи китобу суннат хонданд ва гуфтанд: Наметавон ба мабоонӣ(асосҳо) ва меъёрҳои ғарбӣ такя кард, зеро мухолифи арзишҳои исломӣ аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ рӯзи шанбе дар дидори сарони қуво ва ҷамъе аз коргузорону мудирони радаҳои мухталифи Эрон зимни баёни тавсияҳои рамазонӣ дар бораи худфаромӯшии фардӣ, иҷтимоӣ ва табаоти онҳо барои инсону ҷомеъа, ба расвоии тамаддуни ғарбӣ ба иллати иқдоми ғарбиҳо дар истеъмор, чаповули манобеи миллатҳо, кушторҳои васеъ, иддаоҳои дуруғин дар бораи ҳуқуқи башару зан ва меъёрҳои дугона дар қиболи масоили мухталиф ишора ва таъкид карданд: Гардиши озоди иттилоот дар Ғарб дурӯғе беш нест, ҳамчунон ки дар фазои маҷозии мутааллиқ ба Ғарб имкони ном бурдан аз шаҳид сардор Сулаймонӣ, шаҳид Саидҳасан Насруллоҳ, шаҳид Ҳания ва бархе номдорони дигар вуҷӯд надорад ва наметавон ба ҷиноёти саҳюнистҳо дар Фаластину Лубнон эътироз кард.

Эшон дурӯғҳои расонаҳои ғарбӣ дар бораи авзоъи Эронро ёдовар шуданд ва гуфтанд: Дар кадом як аз ин расонаҳо аз пешрафтҳои илмӣ, иҷтимооти бузурги мардумӣ ва муваффақиятҳои миллату низоми исломӣ ҳарфе зада мешавад? Дар ҳоле, ки нуқтаи заъфҳоро даҳ баробар бузург мекунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ сарбаландии ҳарчӣ бештари миллатро бо вуҷӯди ҳамаи таблиғоти манфии бадхоҳони Эрон, як воқеияти хонданд ва гуфтанд: Агар масъулони низом бо ҳифзи ҳувияту шокилаи низом, роҳи саҳеҳро бираванд, метавон улгӯе барои миллатҳо ва ҳатто давлатмардони баъзе кишварҳо шуд.

Дурӯғе ба номи гардиши озоди иттилоот; Табйини оятуллоҳ Хоманаӣ аз рафтори Ғарб дар баробари ҳақиқат

Имом Хоманаӣ: Ҳадафи тарафи муқобил аз такрори музокира эҷоди фишор дар афкори умумӣ аст

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ибрози хурсандӣ аз фаъол будани вазорати умури хориҷаи Эрону таъкид бар густариши таъомул бо ҳамсоягону дигар кишварҳо, гуфтанд: Баъзе давлатҳо ва шахсиятҳои қулдури хориҷӣ исрор ба музокира мекунанд, дар ҳоле, ки ҳадафи онҳо аз музокира ҳали масоил нест, балки аз музокира ба дунболи таҳаккуму таҳмили масоили мавриди назарашон ҳастанд, ки агар тарафи муқобил қабул кард чӣ беҳтар, аммо агар қабул накард, ҷанҷол роҳ биандозанд ва ӯро ба тарки музокира муттаҳам кунанд.

Эшон ҳадафи тарафи муқобил аз такрори музокираро эҷоди фишор дар афкори умумӣ донистанд ва тасреҳ карданд: Мехоҳанд дар афкори умумӣ тардид эҷод кунанд, ки чаро бо вуҷӯди эъломи омодагии онҳо барои музокира, Эрон ҳозир ба музокира нест дар ҳоле, ки ҳадафи онҳо музокира нест, балки таҳаккум ва таҳмил аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба эъломияи се кишвари аврупоӣ мабнӣ бар амал накардани Эрон ба тааҳҳудоти ҳастаии худ дар БарҶом низ афзуданд: Бояд аз онҳо суол шавад, магар шумо ба тааҳҳудоти худ дар БарҶом амал кардед? Онҳо аз рӯзи аввал ба тааҳҳуди худ амал накарданд ва пас аз хурӯҷи Амрико аз БарҶом низ бо вуҷӯди қавлҳое, ки барои ҷуброни он доданд, ду бор зери қавли худ заданд.

Раҳбари Инқилоби Исломӣ бадаҳдии аврупоиҳо ва дар айни ҳол муттаҳам кардани Эрон ба тахаллуфро нишонаи бечашму рӯии беҳади онҳо донистанд ва афзуданд: Давлати вақт як соли он вазъиятро таҳаммул кард ва сипас Маҷлиси Шӯрои Исломӣ вориди майдон шуд ва мусаввабае гузаронад, ки роҳе низ ҷуз ин вуҷӯд надошт ва акнӯн ҳам дар муқобили ҳарфи зӯр ва зӯргуӣ роҳе дигар вуҷӯд надорад.

Дурӯғе ба номи гардиши озоди иттилоот; Табйини оятуллоҳ Хоманаӣ аз рафтори Ғарб дар баробари ҳақиқат

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha