8 Март 2025 - 17:55
Source: Parstoday
Ахбор | Эрон: Дудавлатӣ дар хоки Фаластин роҳи ҳал нест; Даргирии ҷанҷолии намояндагони Трамп ва Натаняҳу

Порс тудей- Вазири умури хориҷаи Эрон бар ҳимояти ҳамешагии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ормонҳои миллати Фаластин таъкид кард.

Ба гузориши Порс тудей, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа дар нишасти фавқулодаи вазирони умӯри хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ бо баёни инки роҳи ҳалли ду давлатӣ мунҷар ба таъмини ҳуқуқи мардуми Фаластин нахоҳад шуд, гуфт: Ҳимояти бедареғи давлату мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Фаластин тардиднопазир аст ва тааҳҳуди ҳамешагии мо таҳти ҳеҷ шароите камранг нахоҳад шуд.

Режими саҳюнистӣ | Гуфтугуи пуртаниши намояндагони Трампу Натаняҳу

Пойгоҳи амниятии режими саҳюнистии “Воло” дар поёни ҳафтаи гузашта аз гуфтугуи телефонии пуртаниши Рон Дермер, намояндаи Натаняҳу дар музокироти оташбас ва Адам Бёлер, намояндаи расмии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико хабар дод. Бар асоси ин гузориш, дар буҳбуҳаи нигаронии режими саҳюнистӣ аз музокироти маҳрамонаи Вашингтон бо Ҳамос, байни Рон Дермер  ва Адам Бёлер гуфтугӯи пуртанише сӯрат гирифт.

Созмони милал | Сухангуи СММ: Дипломасӣ беҳтарин роҳ дар қиболи Эрон аст

Стефан Дюжаррик, сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид ҷумъашаб ва дар пайи эъломи номаи Доналд Трамп, ба Эрон бо истиқбол аз талошҳои дипломатӣ гуфт, ки дипломасӣ беҳтарин роҳ дар қиболи барномаи ҳастаии Эрон аст.

Амрико | Таваққуфи кумакҳои молии давлати Амрико ба донишгоҳи Коломбия ба далели эътирозоти ҳомии Ғазза

Давлати Амрико рӯзи гузашта эълом кард, ҳудӯди 400 миллион доллар кумаки молӣ ба як донишгоҳи мустақар дар Ню-Йоркро ба далели баргузории эътирозоти донишҷӯӣ, ки соли гузашта дар муҳавватаи донишгоҳ барои маҳкӯм кардани ҷанги Исроил алайҳи Ғазза баргузор шуд, лағв кардааст.

Аврупо | Гросси: Таҳримҳои ғарб монеъи пешрафти ҳастаии Эрон нашудааст

Рафаэл Гросси, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ шомгоҳи ҷумъа бо нокоромад тавсиф кардани таҳримҳои Ғарб алайҳи Эрон тасреҳ кард, ки ин фишорҳо монеъ аз тавсеаи барномаи ҳастаии ин кишвар нашудааст.

Ҷануби Осиё | Зарбулаҷали тозаи давлати Покистон барои ихроҷи атбои афғон

Давлати Покистон дар тозатарин барномаи худ барои бозгардондани атбои ғайримуҷози хориҷӣ эълом кард, ки тамомии атбои афғонистонӣ, аз ҷумлаи дорандагони корти ҳувияти афғон бояд то моҳи оянда аз Покистон хориҷ шаванд дар ғайри инсурат ихроҷи онон бакор гирифта мешавад.

Поёни нишасти вижаи Аврупо; қимори Брюссел дар ҷанги Украина идома дорад

Нишасти изтирории сарони Иттиҳодияи Аврупо панҷшанбеи гузашта дар ҳоле ба поён расид, ки кишварҳои аврупоӣ бо таъкид бар ташдиди ҳимояти низомӣ ва молӣ аз Украина, эъмоли фишори бештар бар Русия ва афзоиши тавони дифоӣ, бори дигар рӯи қимори пурҳазинаи ҷанге сармоягузорӣ карданд, бе онки чашмандози равшан барои поёни ин буҳрон ироа диҳанд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha