5 Март 2025 - 22:50
Source: Parstoday
Тарҳи 800 миллиард евроии Иттиҳодияи Аврупо барои тавони дифоӣ / Байру: Бояд таслеҳоти амрикоӣ ҷойгузин шаванд

Урсула фон дер Ляйен, раиси комиссиони Иттиҳодияи Аврупо ду рӯз пас аз онки дар нишасти Лондон аз зарурати «мусаллаҳ кардани дубораи Аврупо» сухан гуфта буд, аз як тарҳи 800 миллиардевроӣ барои буҷаи дифоии ин иттиҳодия хабар дод.

Фон дер Ляйен рӯзи сешанбе дар Брюссел ба хабарнигорон гуфт: Ин тарҳ, ки «таслиҳи муҷаддади Аврупо» номида мешавад, зарфияти «ҷамъоварии наздик ба 800 миллиард евро дар ҳазинаҳои таслеҳотӣ барои Аврупо эмин ва инъитофпазир»-ро хоҳад дошт.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, Фон дер Ляйен гуфт: «Замон барои Аврупо фаро расидааст ва мо омодаем то худамонро тақвият кунем.»

Вай афзуд, ки дар тарҳи «таслиҳи муҷаддади Аврупо», ҳамчунин «кумаки фаврӣ ба Украина»-ро ироа хоҳад кард. Ин пешниҳод замоне матраҳ шуд, ки Амрико кумакҳои низомӣ ба Украинаро мутаваққиф кард ва фишор бар Иттиҳодияи Аврупоро барои афзоиши ҳимоятҳои худ бештар сохт.

Фаронса: Амрико Украинаро раҳо кардааст

Франсуа Байру, нахуствазири Фаронса ҳам дар вокуниш ба таваққуфи кумакҳои низомии Вашингтон ба Киев эълом кард, ки Амрико Украинаро раҳо кардааст. Вай афзуд, Аврупо бояд ба суръат ва ба шакли коромад таслеҳоти Амрико дар Украинаро ҷойгузин кунад.

Англия: Амнияти Украина амнияти Аврупо аст

Дэвид Лэмми, вазири умури хориҷаи Англия низ рӯзи сешанбе эълом кард, ки амнияти Украина, амнияти Аврупо аст ва онҳо кумакҳо ба Киевро афзоиш медиҳад. Бо вуҷӯди кумакҳои низомии фаровони кишварҳои аврупоӣ, Украина дар тӯли ҷанги ҷорӣ ба шиддат ба ҳимояти низомии Амрико муттакӣ будааст. Зарфияти зарродхонаи кишварҳои аврупоӣ қобили қиёс бо Амрико нест ва муҳимоту таслеҳоти ин кишварҳо пас аз солҳо кумак ба Украина рӯ ба итмом аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha