4 Март 2025 - 00:18
Source: Parstoday
Сухангӯи Комиссиони амният: Ожонси энержии атомӣ абзори сиёсии Ғарб шудааст / Таҳрими неруи дарёии Амрико тавассути ширкати норвегияӣ

Сухангӯи Комиссюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт: Вазифаи Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, фаъолиятҳои сиёсӣ нест.

Иброҳими Ризоӣ, сухангӯи Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон рӯзи душанбе ба гузориши ҷадиди Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мабнӣ бар тасреъ дар раванди тавлиди урани ғанисозӣ шуда бо хулӯси боло тавассути Эрон вокуниш нишон дод.

Ба гузориши Порс тудей, Ризоӣ изҳор кард, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ба абзори сиёсӣ барои Ғарб, бавижа Амрико ва Исроил табдил шудааст.

Вай афзуд, яке аз намунаҳои ин мавзӯ, адами ишораи ожонс ба рекорди Эрон дар бозрасиҳо аст; мо бештарин бозрасиҳоро дар соли гузаштаи милодӣ аз сӯи ожонс доштем ва ин ниҳод борҳо аз марокизи ҳастаӣ ва ғайриҳастаии мо боздид кардааст. Дурбинҳои ожонс дар Эрон фаъол ҳастанд, аммо ҳамчунон иддаоҳои нодурусте матраҳ мешавад.

Ширкати норвегияӣ: Ба амрикоиҳо сӯхт намедиҳем

Ширкати хусӯсии норвегияии ироакунанда сӯхт бо номи «Haltbakk Bunkers» рӯзи якшанбе эълом кард, ки дар посух ба бархӯрди таҳқиромези раисиҷумҳури Амрико бо раисиҷумҳури Украина, арзаи сӯхт ба киштиҳои неруи дарёии Иёлоти муттаҳидаро мутаваққиф мекунад.

Даъвати Бразилия аз Мексика, Коломбия ва Уругвай ба нишасти ояндаи БРИКС

Торнамои шабакаи телевизионии Telesur рӯзи якшанбе хабар дод:  Лула да Силва, раисиҷумҳурии Бразилия, Мексика, Уругвай ва Коломбияро ба нишасти баъдии «БРИКС», ки қарор аст, июли оянда дар Рио-де-Жанейро баргузор шавад, даъват ва бар аҳамияти ҳузури ин кишварҳо барои баҳс дар мавриди чолишҳои ҷаҳонӣ таъкид кард.

Нови ҳавопаймобари ҳастаии Амрико дар Кореяи Ҷанубӣ паҳлу гирифт

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, неруи дарёии Кореяи Ҷанубӣ рӯзи якшанбе эълом кард, ки нови ҳавопаймобари ҳастаии « USS Carl Vinson» ба ҳамроҳи нови « USS Princeton»  ва «USS Sterett»-и Амрико рӯзи якшанбе вориди бандари Busan шуд.

Тазоҳуроти мардуми шаҳрҳои мухталифи Амрико алайҳи Трамп ва Маск

Бар асоси гузориши Ройтерз, ҳазорон нафар аз мардуми Амрико дар Ню-Йорк ва дигар шаҳрҳо рӯзи якшанбе муқобили намояндагиҳои ширкати Тесла, аз ҷумла ширкатҳои Илон Маск, алайҳи иқдомоти давлати Трамп дар ихроҷи кормандони давлат даст ба эътироз заданд. Дар Ню-Йорк 9 нафар аз муътаризон тавассути неруҳои полиси Амрико дастгир шуданд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha