Танкҳои исроилӣ якшанбешаб барои аввалин бори пас аз соли 2002 ба урдӯгоҳи Ҷанин дар шимоли Каронаи Бохтарӣ юриши бурданд. Ба гузориши Порс тудей, Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе дар як конфронси матбуотӣ дар маросими фориғуттаҳсилии афсарони ин режим дар шаҳри Ҳолон дар наздикии Тел Авив гуфт, ки артиши Исроил ба ҷанг дар Каронаи Бохтарӣ ва манотиқи Лубнон идома хоҳад дод.
Артиши режими саҳюнистӣ аз 21 январи 2025 амалиёти низомии худро ба номи «Девори оҳанин» дар шаҳрҳо ва урдӯгоҳҳои оворагони фаластинӣ дар шимоли Каронаи Бохтарӣ густариш додааст.
Мақомоти фаластинӣ ҳам ҳушдор доданд, ки ин амалиёт бахше аз тарҳи кабинаи Натаняҳу барои илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ва эъломи ҳокимият бар он аст ва метавонад баёнгари эъломи расмии марги роҳи ҳали ду давлатӣ бошад.
Дар ҳамин ҳол, Исраэл Катс, вазири ҷанги режими саҳюнистӣ бо баёни инки неруҳои ин режим дар Ҷабал аш Шайх ва минтақаи Ҳоил бо Сурия то замон номаълум хоҳанд монад, гуфт, иҷозаи бозгашти сокинони Каронаи Бохтарӣ ба урдӯгоҳҳое, ки вориди онҳо дар Каронаи Бохтарӣ шудаем, нахоҳем дод. Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ афзуд, ҷанг ҷуз бо ду ҳадаф поён нахоҳад ёфт, ки иборат аз бозгашти тамомии асирони мо ва поён ёфтани ҳукмронии Ҳамос дар Ғазза аст.
Мухолифати Натаняҳу бо тавсияи ниҳодҳои амниятӣ барои озодии асирони фаластинӣ
Пойгоҳи хабарии Axios рӯзи якшанбе ба нақл аз бархе мақомоти режими саҳюнистӣ эълом кард, ки Натаняҳу бо вуҷӯди тавсияи раисони ниҳодҳои амниятӣ, озодии 600 асири фаластиниро ба таъхир андохт.
Ин пойгоҳи хабарӣ ишора кард, ки раисони ниҳодҳои амниятии режими саҳюнистӣ ба Натаняҳу тавсия кардаанд, тамоми талоши худро барои итмоми музокироти марҳалаи дувуми тавофуқи оташбас ва ё тамдиди марҳалаи аввал анҷом диҳад.
Дар ҳоле, ки ба мӯҷиби тавофуқи оташбасу мубодилаи усаро байни муқовимату режими саҳюнистӣ қарор буд, рӯзи шанбе беш аз 600 асири фаластинӣ дар муқобили таҳвили 6 асири исроилӣ аз зиндони режими саҳюнистӣ озод шаванд, ин режими боз ҳам иқдом ба нақзи тавофуқ карду ҳозир ба озодии усарои фаластинӣ нашуд.
Дафтари Натаняҳу рӯзи якшанбе бо ибрози нороҳатӣ аз наҳваи таҳвили асирони исроилӣ, муддаӣ шуд, ки Ҳамос амдан каромати онҳоро хадшадор карда ва аз онҳо барои аҳдофи таблиғотӣ ва сиёсӣ истифода мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Босам Наим, яке аз раҳбарони Ҳамос ба Ройтерз гуфт, қабл аз озодии усарои фаластинӣ, ки дар изои озодии 6 асири саҳюнист тавофуқ шудааст, Ҳамос ҳеҷ гуфтугуе бо душман аз тариқи миёнҷиҳо дар мавриди иқдоми баъдӣ дар тавофуқи оташбас анҷом нахоҳад дод, магар инки усарои фаластинӣ озод шаванд.
