25 Феврал 2025 - 17:35
Трамп: Ба Украина вом додем. Макрон: Ҳадя додем/ Русия: Аврупо дахолат накунад!

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муддаӣ шуд, ки тамоми кумакҳои молӣ, ки кишварҳои аврупоӣ ба Украина ирсол кардаанд, вом буда ва дар оянда бозпардохт хоҳанд шуд.

Дар дидори рӯзи душанбеи руасои ҷумҳурии Амрико ва Фаронса дар Кохи Сафед, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар ҳузури хабарнигорон суханони Трампро қатъ кард то ҳарфҳои ӯро дар мавриди кумаки Аврупо ба Украинаро ислоҳ кунад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, раисиҷумҳури Фаронса дар муқобили изҳороти раисиҷумҳури Амрико ба суръат вориди гуфтугӯ шуд ва бо қарор додани дасташ рӯи оринҷи Трамп, таъкид кард: «Чунин нест. 60 дарсади кумаке ки Аврупо ба Украина карда, вом набудаву эҳдо шудааст».

Аврупо хоҳони идомаи даргирӣ дар Украина

Василий Небензя, намояндаи Русия дар Созмони Милал рӯзи сешанбе гуфт: Аврупо танҳо бозигари арсаи байналмилалӣ аст, ки хоҳони идомаи даргирӣ дар Украина аст ва бо тамоми тавон бо поёни он мухолифат мекунад.

Макрон: Русия муҳоҷим аст

Дар ҳамин ҳол, Эммануэл Макрон рӯзи душанбе дар шабакаи иҷтимоии «Экс» Русияро дар ҷанги Украина ба «муҳоҷим» будан муттаҳам кард ва гуфт, ки ҳимояти «тазалзулнопазир»-и кишварҳои ғарбӣ аз Киев идома хоҳад ёфт.

Финландия: Пирӯзии Русия, яъне бозандагии Амрико

Александер Стуб, раисиҷумҳури Финландия низ рӯзи душанбе дар сафар ба Киев гуфт, ки агар Русия дар ҷанги Украина пирӯз шавад, Амрико бозанда хоҳад буд. Вай таъкид кард, ҷанги Украина на танҳо ба истиқлол, ҳокимият ва тамомияти арзии ин кишвар марбут мешавад, балки бо амнияти Аврупо ва раҳбарии Амрико низ иртибот дорад.

Русия: Аврупо дахолат накунад

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ҳам дар бораи тавофуқ миёни Маскав ва Вашингтон гуфт, гуфтугӯҳои эътимодсозӣ миёни Русия ва Амрико фақат ба ин ду кишвар марбут асту аврупоиҳо набояд дар он дахолат кунанд.

Амрико: Узвияти Украина дар НАТО имконпазир нест

Аз сӯи дигар, Майк Волтз, мушовири амнияти миллии Амрико дар гуфтугӯе бо шабакаи хабарии «Факс нюз» гуфт: Вашингтон ҳеҷ шароитеро намебинад, ки дар он Украина ба узвияти Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дарбиёяд.

Зеленский: Эътилофи низомии худамонро эҷод мекунем

Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳури Украина дар нишасте дар Киев эълом кард, ки ин кишвар мумкин аст маҷбур ба эҷоди «НАТО дар Украина» шавад. Вай хотирнишон кард: Агар дарҳои НАТО ба рӯи мо баста боқӣ бимонад, мо чорае ҷуз ташкили НАТО дар Украина нахоҳем дошт, ки ба маънои ҳифзи артише аст, ки ба андозаи кофӣ қавӣ бошад то таҳоҷумро дафъ кунад.