AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

8 Феврал 2023

17:18:28
1344758

Фармондеҳи муаззами кулли қуво : 22 баҳмани имсол-мазҳари иттиҳоди миллӣ ва хунсо шудани роҳбурди душман хоҳад шуд

Фармондеҳи муаззами кулли қуво дар дидори садҳо тан аз фармондеҳону коркунони неруи ҳавоӣ ва падофанди ҳавоии артиши Эрон 22 баҳмани имсолро мазҳари иттиҳоди миллӣ хонданд ва гуфтанд: 22 баҳмани имсол мазҳари ҳузур, иззат, эътимоди мардум ба якдигар ва иттиҳод миллӣ аст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор бо таъкид бар инки 22 баҳман ҳамчуноне кӣ то кунун зинда нигаҳ дошта шуда, бояд дар оянда низ зинда нигаҳ дошта шавад, афзуданд: Инқилоби зинда инқилобе аст, ки перояҳову ороишҳои худро зинда нигаҳ дорад ва дар ҳар давра бо шинохти ниёзҳову хатарот он ниёзҳоро бартараф ва хатаротро хунсо кунад .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ иллати шикаст ё бозгашти диктаториҳои сахту талх дар инқилобҳои бузурги ҷаҳон монанди инқилоби Фаронса ва Шуравиро ғафлат аз ниёзҳову хатароти аслӣ ва машғул шудан ба масоил ва даъвоҳои шахсӣ донистанд ва хотирнишон карданд: Инқилоби исломӣ худро аз ин офот масун(дар амон) нигаҳ дошт .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ нақшаву ҳадафи возеҳи душман алайҳи низоми исломиро ба зонӯ даровардани инқилоб хонданд ва гуфтанд: Ҷумҳурии исломӣ ин минтақаи муҳим, роҳбурдӣ ва пурманфиатро аз дасти онҳо хориҷ кардаву илова бар он нидои истиқлолу боҷ надоданро на фақат ба унвони як масаълаи сиёсӣ, балки ба унвони як бовару имони динӣ баланд кардааст.
Фармондеҳи муаззами кулли қуво тасреҳ карданд ،мумкин аст бархе кишварҳои дигар низ хоҳони сиёсати истиқлол аз Амрико бошанд, аммо ин сиёсат бо доду ситад, гуфтугӯ, нишастани пушти мизи музокира ва аҳёнан пардохти зермизӣ(ришва) ба афроди муассир иваз мешавад, ҳамчинон ки намӯнаҳои онро дар дунё мебинед .
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин артиши имрӯзро намоди истиқлолу истеҳком ва мавриди эътимоду азиз дар байни мардуму масъӯлони Эрон хонданд ва афзуданд: Имрӯз артиш бо мардум ва дар канори мардум ва ҷузви мардум аст ва агар дар гузашта ҳатто ҳақи даст задан ба қитъаи ҳавопаймои харидоришуда аз Амрикоро надошт имрӯз бо вуҷуди таҳрим, худаш созанда ва мубтакири ҳавопаймоа ва рақамзанандаи корҳои шигифтиовар ва бузургу иззатофарин барои мардум аст, ки намунаи он дируз намоиш дода шуд.


342/