AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : parstoday
Шанбе

13 Март 2021

14:17:12
1123015

Суханони Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба муносибати иди Мабъас

Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ, иди саиду бузурги Мабъасро иди ҳама адолатхоҳони ҷаҳон номиданд .

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ имрӯз ( панҷшанбе ) дар баёноте ба муносибати солрӯзи иди Мабъаси Паёмбар ( с ), ин идро ба ҳамаи миллати Эрон ва уммати исломӣ ва озодагони олам табрик гуфтанд ва таъкид карданд:Иди Мабъас-иди ҳамаи адолатхоҳони ҷаҳон аст .

  Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд:Дар Мабъас, дар чунин рӯзе қалби муқаддаси Паёмбари аъзам ( с ) махзани гаронбаҳотарин амонати илоҳӣ шуд, яъне ваҳйи илоҳӣ . Ва сангинтарин масъулияти олами вуҷуд,   бар душҳои пуртавони он бузургвор ниҳода шуд,ки масъулияти ҳидояти башар то охири олам аст .

  Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ хотирнишон карданд,ки тавҳид фақат ба маънои ин нест, ки инсон дар зеҳни худ ақида пайдо кунад, ки Худо яке аст .

 Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ таъкид карданд:Тавҳид маънои муҳимме аст, ки ба маънои ҳокимияти илоҳӣ аст .

342/