AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday - ABNA24
Панҷшанбе

11 Феврал 2021

16:46:48
1114433

Баргузории ҷашни 42-солагии Инқилоби исломӣ ба шеваи мутафовит

Ҳамзамон бо чилу дуюумин солгарди Инқилоби исломӣ роҳпаймоии мутафовити мардуми Эрон дар рӯзи ҷашни инқилоб дар саросари кишвар баргузор шуд.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар чилудуввумин солрӯзи Пирӯзии Инқилоби исломӣ ва дар шароите, ки вируси корона шароити хосеро ба Эрон ва ҷаҳон таҳмил кардааст, маросими роҳпаймоии эрониҳо дар рӯзи 22 баҳман ба шакли мутафавите баргузор шуд.

Имрӯз мардум бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ ва бидуни гирдиҳамоӣ ва таҷаммӯъ барои пешгирӣ аз шуюъи вируси корона бо ҳаракати рамзии мотосиклҳо ва мошинҳо дар саросари Эрон чилу дуюмин солгарди рӯзи Инқилоби исломиро ҷашн гирифтанд.

Ин маросим ҳамзамон дар беш аз ҳазор шаҳру деҳа баргузор шуд ва дар тамоми шаҳру деҳаҳо меҳвари ҳаракат аз масҷидҳо буд.

Чилу ду сол қабл дар рӯзи 22 баҳмани 1357 баробар бо 11 феврали 1979 Инқилоби исломии Эрон ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (раҳ) ба пирӯзӣ расид.

Бо пирӯзии Инқилоби исломӣ ҳукумати подшоҳӣ дар Эрон поён ёфт ва нахустин бор дар ин кишвар ҳукумати ҷумҳурӣ барпо шуд.

342/