AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Abna 24
Якшанбе

26 Апрел 2020

12:11:23
1030186

Раҳбари муаззами инқилоб: Натарсидан аз душман аз дастурҳои Қуръон аст

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ «натарсидан аз душман ва маҳкам истодан дар муқобил ӯ»-ро аз дастурҳои муҳими Қуръон донистанд ва таъкид карданд: Вазъияти имрӯзи бархе давлатҳои исломӣ ва таҳқири онҳо ба василаи қудратҳои золим натиҷаи тарсидани онҳо аз душманони ислом аст.

Рӯзи шанбе дар аввалин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон дар Эрон, маросими унс бо Қуръон дар Мусаллои Теҳрон ва иртиботи зиндаи тасвирӣ бо ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ) бо ҳузури ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ- раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор шуд ва қориёни Қуръони карим ба тиловати оёти нур пардохтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин маросим, танҳо роҳи наҷоти башарият аз зулм, табъиз, ҷанг, ноамнӣ, лагадмол шудани арзишҳо ва ҳоким шудани амният ва саломат ва осоишро амал ба дастурҳои корбурдии Қуръон донистанд ва гуфтанд: Як даста аз дастурҳои корбурдии Қуръон, наҳваи қоидасозӣ дар зиндагӣ аст; агар ин қоидасозӣ бар асоси қудрат ва пул ва шаҳват бошад, инсон аз зиндагии воқеӣ ва ухравӣ бенасиб хоҳад монд, аммо агар инсонҳо бинои зиндагии худро дар дунё бар асоси некӣ ва ҳасана қарор диҳанд, илова бар манофеи дунявӣ қатъан ба мақсадҳои воқеӣ ва ҳақиқии зиндагӣ низ хоҳанд расид.

Раҳбари муаззами инқилоб исломӣ, амал ба дастаи дигаре аз оёти Қуръон ва дастурҳои корбурдии онро муҷиби танзими муносиботи иҷтимоӣ донистанд ва афзуданд: Аз ҷумлаи ин дастурҳо, «наҳй аз ғайбат дар ҷомеа» ва «риояти инсоф ҳатто дар қиболи мухолифон ва душманон» аст.

Эшон «пайравӣ накардан аз мавзӯотеро, ки нисбат ба онҳо яқин вуҷуд надорад» аз ҷумлаи дастурҳои Қуръон хонданд ва яке аз мушкилоти журнализми ройиҷ дар дунёро амал накардан ба ин дастур ва талош барои овозапардозӣ ва хабарсозӣ донистанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ «парҳез аз эътимод ва гароиш ба золимон», «риояти қисту адл ва инсоф дар зиндагӣ» ва «хиёнат накардан дар амонат»-ро аз дигар дастурҳои ислом бар шуморданд ва таъкид карданд: Ҳарос аз Амрико натиҷаҳои талхеро ба бор хоҳад овард ва мо дар солҳои гузашта дар бархе давлатҳо мушоҳида кардем, ки тарс аз Амрико, онҳоро дучори чи мушкилоти сахте кард.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ «хондани намоз бо таваҷҷуҳ ва барои ёди Худо» ва «тавба ва дархости афв ва бахшиш аз Худованд бахусус дар айёми моҳи мубораки Рамазон»-ро заминасози эътилои рӯҳӣ донистанд ва дар поён изҳори умедворӣ карданд: Оҳодди миллат ва мусулмонон ва ба вижа давлатҳои исломӣ ва масъулин тавфиқи амал ба дастурҳои корбурдии Қуръонро биёбанд, зеро нусхаи шифобахши мушкилот аст.