Ба гузориши хабаргузории «Абна», гузоришҳо шаҳодат медиҳанд, ки қудратҳои дифоии Эрон дар рӯёрӯӣ бо таҷовузи низомии ИМА ва Исроил, боиси ҳайрат ин кишварҳо гардидааст.
Васоити ахбори оммаи ғарбӣ муътақиданд, ки равиши ҷории Трамп дар муқобили Эрон ба нуқтаи поёнии худ расидааст.
Маҷаллаи олмонии «Ҳанделсблат» дар таҳлили амик, амалиёти низомии ИМА бар зидди Эронро «шикасти ҳамосӣ» тавсиф карда ва ин номгузориро ишорае ба стратегияи «ғазаби ҳамосӣ»-и ИМА донистааст.
Ин маҷалла илова мекунад, ки бо гузариши замон, набудани як барномаи муайян аз тарафи раисҷумҳури ИМА барои Эрон беш аз пеш ошкор мегардад ва ин вазъият метавонад ба шоки қиммати энергия ва ошӯб дар бозорҳои ҷаҳонӣ оварда расонад.
Дар пайи дифои қатъии Эрон дар муқобили ҳамлаҳои ИМА, васоити ахбори оммаи ғарбӣ бовар доранд, ки қудратҳои низомии Теҳрон Вашингтонро ҳайрон кардааст ва стратегияи раисҷумҳури ИМА дар муқобили Эрон ба бунбаст расидааст.
Your Comment