Бар гузориши хабаргузории «Абна» бо иқтибос аз «Россия ал-Яум», Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард: Сокути нангин ва айбовари кишварҳои ғарбӣ дар муобила бо қурбон шудани беш аз 160 хонандаи духтарони Эрон рӯйи воқеии Ғарбро нишон медиҳад. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон таъкид кард: Ба таври возеҳи комил, бо огоҳӣ аз интихоби ҳадаф, онҳо 160 духтарчаи хурдро ҳадаф қарор доданд.
На Вазорати корҳои хориҷии ИМА, на Англия, на Қасри Элизе ва на яке аз созмонҳои давлатии Англия, ИМА, Фаронса ва Олмон ҳатто як калимаи таъсфар низ нагуфтанд. Захарова идома дод: Ҳамаи тадбирҳои Ғарб дар давоми се даҳсолаи гузашта барои дахолат дар корҳои дохилии кишварҳои дигар ва барандозии низомҳо ва ғорати захираҳои онҳо будааст. Мутаассифона, ин вазъият ба тарзи беҳамтона ғамангез аст.
Your Comment