Ба гузориши Хабари Байналмилалии Аҳли Байт (а) - ABNA - Кумитаи ҳамоҳангии гурӯҳҳои муқовимати Ироқ дар мавзеъе эълом кард: "Табиати равобити миёни Ироқ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар асоси баробарии миёни ду кишвари мустақил шакл нагирифтааст; зеро Вашингтон ҳанӯз ҳам дар умури дохилии Ироқ дахолат мекунад ва ҳатто муайян мекунад, ки кадом чеҳраҳои сиёсӣ иҷозати тасарруфи мансабҳои давлатиро дошта бошанд ва кадомҳо канор гузошта шаванд; он ҳам дар асоси меъёри иродаи Амрико ва дар чаҳорчӯби равшше, ки дар сиёсатҳои султаҷӯёнаи худ пайгирӣ мекунад."
Ин кумита илова кардааст: "Бе шубҳа, ишғолгарон ҳанӯз ҳам ба вайрон кардани фазои ҳавоии Ироқ идома медиҳанд; ҳам тавассути паҳподҳо ва ҳам бо ҷангандаҳои худ. Ин амалҳо таҳдиди ҷиддӣ ба амният, субот ва тамомияти арзии кишвар ба шумор меравад ва таҷовузи ошкор ба ҳокимият ва каромати давлати Ироқ аст."
Кумитаи ҳамоҳангӣ тасреҳ кардааст: "Мо дар муқовимати Ироқ таъкид мекунем, ки Иёлоти Муттаҳида ба ҳамаи тааҳҳудоти худ пойбанд набуда ва ҳеҷ амали воқеӣ барои иҷрои бахшҳои боқимондаи тавофуқ бо давлати Ироқ, ки ба хуруҷи комили ҳама нерӯҳои хориҷӣ аз хок ва осмони Ироқ тасреҳ дорад, мушоҳида накардаем. Ин исрор бар вақткашӣ ва шона холӣ кардан аз таъаҳҳудот, моро ночор мекунад масъулиятҳои шаръӣ ва ахлоқии худро дар ихтиёри мавзеъҳое дархӯри шоистагии миллатамон ва ҳаққи машрӯъи он барои поён додан ба ишғол, бар ӯҳда гирем; дар сурате ки онон бар тадомуми ҳузур ва таҳмили иродаи худ бар кишвар исрор варзанд."
Your Comment