Ба гузориши Хабари Байналмилалии Аҳли Байт (а) - ABNA - пас аз рабудани сареъи Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла, ин тасаввур дар баъзе маҳофили сиёсии Вашингтон - бахусус дар миёни ҷумҳурихоҳон - шакл гирифта, ки метавон ҳамон сенарияро дар Эрон низ такрор кард.
Аммо маҷаллаи Нюзвик дар мақолаи таҳлилие ба қалами ҳайати таҳририяи худ ҳушдор дода, ки ин муқоиса гумроҳкунанда ва хатарнок аст ва таъкид карда, ки Эрон аз нигоҳи сохтори сиёсӣ ва низомӣ ва миқдори омодагӣ ба даргирӣ, тафовутҳои бунёдинӣ бо Венесуэла дорад.
Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи душанбе гуфт, ки генерал Ден Кейн, раиси ситоди муштараки артиши Амрико ба ӯ иттилоъ дода, ки ҳар гуна даргирӣ бо Эрон ба осонӣ қобили анҷом додан хоҳад буд, аммо ин генерал ҳушдор дода, ки камбуди муҳимотот ва набуди ҳимояти муттаҳидон, чунин амалиётеро хеле пурхатартар аз амалиёти Венесуэла мекунад.
Иёлоти Муттаҳида бомдоди шанбеи 3 январи гузашта ба ҳадафҳое дар Венесуэла ҳамла кард ва Мадуроро боздошт намуд; ӯ акнун дар Ню-Йорк ба иттиҳомҳое аз ҷумла терроризм алоқаманд ба маводи мухаддир тибқи таснифи Амрико муҳокима мешавад.
Дар ҳоле ки Трамп нақшаҳое барои сарнагун кардани ҳукумати Эрон баррасӣ мекунад, шароити дохилии Эрон боиси он мешавад, ки такрори он чи Нюзвик, лаҳзаи Мадуро меномад, хеле мураккабтар аз Каракас бошад. Ин маҷалла панҷ далел барои ин арзёбӣ пешниҳод кардааст:
1. Оятуллоҳ Хоменаӣ ҳадафи осон нест
Бар хилофи Мадуро, Оятуллоҳ Хоменаӣ раҳбари Эрон шахсияте нест, ки ӯро ба осонӣ муҳосира ё боздошт кард. Ӯ таҳти ҳифозати ягони амниятии элитаи Корпуси Посдонони Инқилоб Исломӣ қарор дорад ва дар чорчӯби сохтори дифоӣ муҳофизат мешавад. Мақомҳои пешини амрикоӣ чунин мешуморанд, ки ҳар талоши ҷиддӣ барои дастгир кардани Оятуллоҳ Хоменаӣ метавонад ба ҷои фурӯпошии сиёсӣ, боиси ташдиди васеъи таниш гардад.
2. Сохтори ҳукуматии Эрон бо ҳазфи раҳбар фурӯ намепошад
Ба навиштаи ин таҳлил, низоми сиёсии Эрон нисбат ба сохторе, ки перомуни Мадуро вуҷуд дошт, инсиҷоми бештаре дорад. Ниҳодҳои сиёсӣ, низомӣ ва мазҳабӣ дар Эрон амиқан ба ҳамдигар пайвастаанд ва барои сенарияҳои террор ё надоштани раҳбарӣ омода шудаанд.
Нюзвик ба нақл аз Ню-Йорк Таймз навишт, ки Оятуллоҳ Хоменаӣ барои ҳар мансаби ҳассос чаҳор қабати ҷонишинӣ таъйин карда ва ҳалқаҳои қабули қарорро маҳдуд сохта, то ҳатто дар сурати қатъи иртиботот ё кушта шудани фармондеҳони аршад, тадомуми ҳокимият ҳифз шавад.
3. Эрон барои ҷанг омода аст
Бар хилофи Венесуэла, Эрон аз моҳҳо пеш худро барои эҳтимоли рӯёрӯии низомии мустақим омода кардааст. Нерӯҳояш дар болотарин сатҳи омодабош қарор доранд ва системаҳои мушакӣ дар марзҳои ғарбӣ ва соҳилҳои Халиҷи Форс бозорой шудаанд.
Али Лориҷонӣ, раиси Шӯрои Олии Амнияти Миллии Эрон гуфтааст: "Нуқтаҳои заъфи худро бозбинӣ ва бартараф кардаем. Агар ҷанге бар мо таҳмил шавад, посух хоҳем дод." Тасвирҳои моҳвораии мунташиршуда тавассути хабарии Рейтерз низ нишондиҳандаи фаъолиятҳои васеи таҳким ва бозсозӣ дар таъсисоти ҳастаӣ ва мушакӣ Эрон аст.
4. Ҷанг ба дохили марзҳои Эрон маҳдуд намемонад
Нюзвик ҳушдор медиҳад, ки ҳар гуна рӯёрӯӣ бо Эрон маҳдуд ба хоки ин кишвар намемонад. Теҳрон шабакае аз муттаҳидон ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Лубнон, Ироқ ва Яман дорад, ки метавонад боиси кушодашавии ҷабҳаҳои сершумор алайҳи манфиатҳои Амрико ва Исроил гардад.
Таҳлилгарон бим доранд, ки ҳар фурӯпошии ногаҳонӣ дар Эрон ба холигии қудрате мунҷар шавад, ки суботи тамоми Ховари Миёнаро таҳдид кунад.
5. Мушкилоти ҷуғрофиёӣ ва логистикии мураккаб
Дар ниҳоят, мавқеияти ҷуғрофиёии Эрон, фосилаи зиёд ва камбуди ҳимояти муттаҳидон, ҳар ҳамларо мураккабтар аз амалиёти Венесуэла мекунад.
Ба бовари Нюзвик, Эрон дар умқи Ховари Миёна қарор дорад ва ин мавзӯъ эҷоб мекунад, ки нерӯҳои амрикоӣ аз пойгоҳҳое дар Аврупо ё Халиҷи Форс ва таҳти фармондеҳии СЕНТКОМ амалиёт кунанд. Ҳамчунин мухолифати Бритониё бо истифода аз пойгоҳҳои роҳбурдии худ барои ҳамла бидуни пӯшиши ҳуқуқии равшан, ба мураккабии вазъият афзудааст.
Дар ҷамъбандии худ, Нюзвик чунин мешуморад, ки таҷрибаи Венесуэла метавонад тасмимгирандагони Вашингтонро васваса кунад, аммо намунаи муносиб барои Эрон нест. Низоми Эрон решадортар ва омодатар аст ва ҳар талош барои тағйири он тавассути зӯр метавонад ба ҷанги минтақавӣ ва шок дар бозорҳои энергетикии ҷаҳонӣ мунҷар шавад; хароҷоте, ки хеле фаротар аз марзҳои Эрон хоҳад буд.
Your Comment