Ба гузориши Хадамоти иттилоотии байнулмилалии Аҳли Байт (АБНА) - Ҳисоботҳо, маълумоти пайгирии парвозҳо ва аксҳои моҳвораӣ аз ҷунбишҳои васеи низомии Амрико хабар медиҳанд, ки интиқоли даҳҳо ҳавопаймо ба пойгоҳҳо дар Аврупо ва Ховари Миёнаро дар бар мегиранд. Дар ин ҳол, расонаҳои исроилӣ эълон карданд, ки 12 адад ҷангандаи F-22 дар Исроил фуруд омадаанд.
Рӯзномаи «Вашингтон Пост» бо такя ба маълумоти пайгирии парвоз ва аксҳои моҳвораӣ гузориш дод, ки артиши Амрико аз замони поёни даври дуюми гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Эрон, зиёда аз 150 ҳавопайморо ба пойгоҳҳое дар Аврупо ва Ховари Миёна интиқол додааст. Ин рӯзнома ишора кард, ки беш аз нисфи ин ҳавопаймоҳои тозаҷойгиршуда дар пойгоҳҳое дар Аврупо фуруд омадаанд.
Ба навиштаи ин рӯзнома, аксарияти мутлақи ин ҳавопаймоҳо аз навъи интиқолӣ ва сӯзишворирасон мебошанд. Ҳамчунин тавзеҳ дода шуд, ки ҷангандаҳо маъмулан маълумоти мавқеъёбии худро хомӯш мекунанд, ки пайгирии онҳоро душвортар месозад магар он ки дар аксҳои моҳвораӣ мушоҳида шаванд. Бар асоси ин маълумот, ҳузури низомии феълии Амрико дар минтақа васеътарин ҳузур аз замони пеш аз ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 ба шумор меравад.
Аз сӯи дигар, хабарнигори рӯзномаи «Ҷерузалем Пост» гузориш дод, ки 12 адад ҷангандаи амрикоии F-22 дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар Исроил фуруд омадаанд; хабаре, ки аз ҷониби Созмони пахши Исроил низ интишор шуд.
Вуруди «Ҷералд Форд» ба Крит
Хадамоти иттилоотии Фаронса аз вуруди киштии «Ҷералд Форд» бузургтарин киштии ҳавопаймобари ҷаҳон ба пойгоҳи баҳрии Амрико дар ҷазираи Крити Юнон дар халиҷи Суда хабар дод. Ин киштӣ ба ҷамъоварии бузурги низомии Амрико дар Ховари Миёна мепайвандад, ки ҳоло зиёда аз 12 киштии баҳриро, аз ҷумла киштии ҳавопаймобари «Абраҳам Линколн» ва 9 эсминецро дар бар мегирад.
Дар ҳоле ки Вазорати дифои Юнон аз изҳори назар худдорӣ кард ва Сафорати Амрико дар Афина низ ба дархостҳо барои тавзеҳ посух надод, нозирон таъкид карданд, ки ҳузури ҳамзамони ду киштии ҳавопаймобари амрикоӣ дар минтақа амри нодир аст; ҳар яке аз ин киштиҳо даҳҳо ҷанганда ва ҳазорҳо маллоҳро дар худ ҷой додаанд.
Имконоти низомӣ боз
«Вашингтон Пост» ба нақл аз «Дана Строул» муовини пешини ёвари вазири дифои Амрико дар умури Ховари Миёна, навишт, ки ин сатҳи васеъ аз тавони низомӣ ба он маъност, ки артиши Амрико қодир аст ҳар тасмимеро, ки Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико интихоб кунад аз ҳамлаҳои маҳдуд ба ҳадафҳои мушаххас гирифта то як маъракаи низомии доимӣ ва бо шиддати баланд, иҷро намояд.
Ин таҳаввулот дар ҳоле рух медиҳанд, ки Трамп бори дигар Теҳронро таҳдид кардааст дар сурати дастёбӣ накардан ба тавофуқи нав дар бораи барномаи ҳастаӣ, амали низомӣ хоҳад кард.
Омодабоши Эрон
Дар муқобил, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон размоИшҳоеро дар соҳилҳои ҷанубии ин кишвар оғоз кардааст; амале ки нишонаи равшане аз вазъи омодабоши мутақобил дар минтақа ба шумор меравад.
Хадамоти иттилоотии Рейтер низ аз наздик шудан ба ниҳоии шартномаи хариди мушаки зиддикиштии «Си-Эм-302» (CM-302) тарафи Эрон аз Чин хабар дод, ҳарчанд ҳанӯз дар бораи замони таҳвил тавофуқи ниҳоӣ сурат нагирифтааст.
Ин мушаки сохти Чин аз ҷумла силоҳҳои фаросадоӣ маҳсуб мешаванд ва масофаи онҳо ба 290 километр мерасад. Ин мушаки ба таври вижа барои гузаштан аз системаҳои пешрафтаи дифои баҳрӣ тарроҳӣ шудаанд ва бо суръати бисёр баланд ва дар баландии бисёр паст парвоз мекунанд; мавзӯъе, ки коршиносон онро таҳдиди мустақим ба нерӯҳои баҳрии Амрико дар минтақа медонанд.
Your Comment