24 Феврал 2026 - 10:32
Source: ABNA
Тамони телефонии вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Араб

Вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар бораи таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Абно, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар тамоси телефонӣ бо Шайх Абдуллоҳ бин Зоид Оли Наҳён, вазири корҳои хориҷии Имороти Муттаҳидаи Араб, дар бораи таҳаввулоти минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард.

Вазири корҳои хориҷии кишвари мо дар ин гуфтугӯ, тарафи иморотиро аз раванди пешрафти гуфтугӯҳои ҳастаии Эрон ва Иёлоти Муттаҳида огоҳ сохт.

Тарафайн бар аҳаммияти идомаи машваратҳо байни кишварҳои минтақа барои ҳифзи манфиатҳои муштарак ва ҳифзи субот ва амнияти минтақа таъкид карданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha