Ба гузориши Хадамоти иттилоотии байналмилалии Аҳли Байт (А) - АБНА - Абуҳузайфа ал-Ансорӣ сухангӯи гурӯҳи ДОИШ, ҳукумати Ҷӯлониро ба ҷанг таҳдид кард ва иддао намуд, ки он чи дар ин кишвар рух дода, намоиши туркӣ бо коргардонии ошкори Амрико будааст.
Ал-Ансорӣ дар файли савтии мунташиршуда аз ҷониби «Муассисаи ал-Фурқон» вобаста ба ДОИШ гуфт: "Пас аз берун рондани нуфузи Эрон аз Шом ва он чи ба суқути раҳбари сурии низоми насирӣ анҷомид ва ҷойгузинии фаврии он бо низоме тобеи нуфузи Амрико, барои он раҳбари сурии тозае гумоштанд, ки фиреби шайтониҳои турк ва ғарбро хӯрд ва ӯро тоғути араб табдил доданд."
Ӯ ҳамчунин иддао кард: "Иддаоҳои озодӣ ва сарнагунсозии низом дар рӯзҳои ба номи боздорандагии таҷовуз, намоиши туркӣ бо коргардонии ошкори Амрико буд. Имрӯз Шом дар дасти салибиҳоест, ки лӯхтаки беҷонро бар он гумоштаанд ва пиндоштаанд, ки бад-ин гуна саҳфаи ҷиҳод дар он баста шудааст."
Ал-Ансорӣ дар ишорае ба Аҳмад аш-Шаръӣ маъруф ба Абумуҳаммад Ҷӯлонӣ раиси давлати муваққати Сурия, ӯро тоғути ҷадид хонд ва гуфт, ки бе табъият аз Ғарб сарнавиште беҳтар аз пешиниёни худ нахоҳад дошт.
Сухангӯи ДОИШ ҳамчунин ҳукумати Ҷӯлониро ҳукумате дунявӣ бо артише миллӣ, тавсиф кард ва онро муртад хонд ва аз ҳаводорони ин гурӯҳ хост мубориза бо онро дaр авлавият қарор диҳанд ва тамоми тавони худро барои ин ҳадаф басеҷ кунанд.
Ӯ хитоб ба аъзои зиндонии ДОИШ дар зиндонҳои Сурия ва Ироқ низ гуфт, ки кишварҳо аз онон бим доранд ва нерӯҳои гуногун барои пешгирӣ аз фирорҳошон дар ҳолати омодабош ҳастанд.
Гурӯҳи ДОИШ дар соли гузашта масъулияти ду ҳамла алайҳи нерӯҳои вобаста ба ҳукумати Ҷӯлонӣ дар Идлиб ва Сувайдоъро ба уҳда гирифт. Дар муқобил, ҳукумати Ҷӯлонӣ ин гурӯҳро ба даст доштан дар ҳамла ба калисои Мор Илёси ортодокс дар Димишқ дар моҳи июни гузашта муттаҳам карда буд.
Your Comment