Ба гузориши Хабарагузории Аҳли Байт (АБНА) - Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Сентком) рӯзи шанбе холӣ кардани пойгоҳҳои амрикоӣ дар Қатар ва Баҳрайнро такзиб кард.
Хабарнигори шабакаи «NewsNation» дар паёме дар шабакаи иҷтимоии «X» навишт, ки Сентком ба ӯ эълом карда, ки ҳеҷ холӣ кардане дар пойгоҳи Ал-Удайд ё ҳеҷ як аз пойгоҳҳои амрикоӣ дар Баҳрайн анҷом нагирифта ва гузоришот дар ин робита ҳақиқат надоранд.
«Ню-Йорк Таймз» рӯзи ҷумъа дар гузорише ба нақл аз мақомоти Пентагон эълом карда буд, ки акнун садҳо низомӣ аз пойгоҳи ҳавоии «Ал-Удайд» дар Қатар холӣ шудаанд ва аз теъдоди нерӯҳо дар маҷмӯъаи пойгоҳҳои Амрико дар Баҳрайн — ки маҳалли истиқрори навумин флоти нерӯи дарёии Амрико аст — низ коста шудааст.
Your Comment