Ба гузориши Хабарагузории Аҳли Байт (АБНА) - Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме ба иддаоҳои Доналд Трамп, Президенти Амрико, вокуниш нишон дод ва таъкид кард, ки агар касе нисбат ба дурустии додаҳои мо шакку тардид дорад, бо далел сухан гӯяд.
"Сайид Аббос Арақчӣ" дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии X навишт: "Дар ростои амал ба уҳдадории худ дар мавриди шаффофияти комил дар муқобили мардумамон, ҳукумати Эрон пештар феҳристи ҳамаҷонибаи ҳамаи 3117 нафари қурбониёни амалиётҳои террористии охир, аз ҷумла тақрибан 200 нафар аз нерӯҳои интизомӣ, мунташир кардааст."
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон тасреҳ кард: "Агар касе нисбат ба дурустии додаҳои мо шакку тардид дорад, илтимос, бо далел сухан гӯяд."
Your Comment