Ба гузориши Хабаригузории Байналмилалии Аҳли Байт (АБНА) — «Амир Саид Иравонӣ» сафир ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назди Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ дар пайи «идомаи таҳдидҳои мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар мавриди истифода аз зӯр, аз ҷумла изҳороти охирини Президенти Амрико дар мавриди истифода аз пойгоҳи Диего Гарсия барои анҷоми ҳамлаи низомии эҳтимолӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон» номае ба Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Раиси Шӯрои Амният ирсол кард.
Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин нома тасреҳ кард: Ин таҳдидҳо «вайронкунии фоҷеъи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд ва хатари фурӯғалтидани минтақа дар даврони нави буҳрон ва ноустуворӣро дар пай дорад.» Иравонӣ таъкид кард: «Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо дар сатҳҳои олӣ изҳор доштааст, ки на дар паи шиддат аст ва на хоҳони ҷанг. Эрон инчунин оғозгари ҳеҷ ҷанге нахоҳад буд. Бо ин ҳол, дар сурате ки бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷовузи низомӣ сурат гирад, ба таври қатъӣ, мутаносиб ва дар чаҳорчӯби ҳаққи дифои қонунӣ мувофиқи моддаи 51 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид посух хоҳад дод.»
Матни пурраи номаи сафир ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назди Созмони Милали Муттаҳид ба Антониу Гутерриш, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Ҷеймс Кариукӣ, Раиси (даврии) Шӯрои Амният ба шарҳи зер аст:
Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон
Пас аз дастури ҳукумати мавсуъи ман ва дар пайи мукотибати пешини ин намояндагӣ аз таърихҳои 30 декабри соли 2025 ва 2, 9, 13, 22 ва 28 январи соли 2026 дар мавриди таҳдидҳои муттасили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба истифода аз зӯр алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба воситаи ҳозир мукотибае бо ҳадафи ҷалби таваҷҷуҳи дубора ва фаврии Ҷанобиолӣ ва аъзои Шӯрои Амният нисбат ба идомаи таҳдидҳои мақомоти Иёлоти Муттаҳида дар мавриди истифода аз зӯр аз ҷумла изҳороти охирини Президенти Амрико дар мавриди истифода аз пойгоҳи Диего Гарсия барои анҷоми ҳамлаи низомии эҳтимолӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ирсол мегардад.
Таҳдидҳои дар боло зикршуда вайронкунии фоҷеъи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилалӣ маҳсуб мешаванд ва хатари фурӯғалтидани минтақа дар даврони нави буҳрон ва ноустуворӣро дар пай дорад. Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мушаххасан дар паёме дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар таърихи 18 феврали соли 2026, сареҳан ва оммавӣ Ҷумҳурии Исломии Эронро ба истифода аз зӯр таҳдид кард ва изҳор дошт: «Агар Эрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон) тасмим бигирад, ки ба мувофиқа нарасад, эҳтимол дорад Иёлоти Муттаҳид маҷбур шавад, ки барои аз байн бурдани ҳамлаи эҳтимолӣ (аз ҷониби Эрон), аз пойгоҳи Диего Гарсия ва майдони ҳавоии воқеъ дар Фэрфорд истифода кунад.»
Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти шиканпазир ва ноустувори ҳоким бар минтақа ва инчунин ҷобаҷогузорӣ ва истиқрори муттасили таҷҳизот ва аслиҳаи низомӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чунин изҳороти ҷангталабона аз ҷониби Президенти ин кишварро наметавон фақат лаффозӣ донист; балки чунин изҳорот ҳокӣ аз хатари воқеии таҷовузи низомӣ аст, ки оқибатҳои он барои минтақа фоҷиабор буда ва таҳдиди ҷиддӣ алайҳи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ маҳсуб мегардад.
Эрон бо ҳадафи интиқоли шаффоф ва беибҳоми нигарониҳои худ ва талаби рафъи комил, муассир ва тафтишпазири тадбирҳои қаҳрбори яктарафаи ғайриқонунӣ ва ғайриинсонӣ алайҳи миллати худ, ҳамзамон бо таҳияи равиши созанда, бо ҷиддият ва ҳусни ният дар гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо Амрико ширкат намудааст. Дар як вақт, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар асоси принсипи мутақобила, дар паи рассидагӣ ва рафъи ибҳомоти марбут ба барномаи ҳастаии сулҳомези хеш баромадааст, то аз ин раҳгузар, роҳҳалли қобили қабули ҳар ду тараф, натиҷагар ва комилан мувофиқ бо ҳуқуқҳои шинохташуда, мусаллам ва ғайри қобили салби ҳамаи давлатҳои узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ҳосил гардад.
Эрон ҳанӯз ҳам бовар дорад, ки агар Амрико низ ин гуфтугӯҳоро бо ҷиддият ва самимият пайгирӣ намуда ва эҳтироми воқеӣ нисбат ба принсипҳои Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва қоидаҳои ҳатмии ҳуқуқи байналмилалӣ ба таври маҳсус нишон диҳад, ноил шудан ба роҳҳалли пойдор ва мутавозин комилан имконпазир хоҳад буд.
Дар чунин шароит, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз Ҷанобиолӣ ва тамоми аъзои Шӯрои Амният дархост менамояд, ки дар чаҳорчӯби масъулияти аввалияи Шӯро мувофиқи Оинномаи СММ дар қабли нигоҳдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, ҳамаи ихтиёрот ва талошҳои хайрхоҳонаи хешро ба таври комил ба кор гиранд, то Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бефавсула ба таҳдидҳои ғайриқонунии хеш дар мавриди истифода аз зӯр поён диҳад, ба уҳдадориҳои хеш дар зери Оинномаи СММ махсусан моддаи 2 (4) пойбанд бошад ва аз ҳар гуна амале, ки метавонад ба шиддати бештари танишҳо мунҷар гардад ё ба муқовимати низомӣ бирасонад, худдорӣ намояд. Ошкор аст, ки оқибатҳои чунин муқовимат барои сулҳ ва амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ шадид ва домангустар хоҳад буд.
Шӯрои Амният ва Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид бояд бефавсула ва пеш аз он ки хеле дер шавад, амал намоянд.
Шӯрои Амният набояд иҷозат диҳад таҳдид ба истифода аз зӯр ва содир намудан аъмоли таҷовузкорона, муқаррарӣ гардад, машруъият ёбад, ба унвони як ҳорми сиёсии қобили қабул талаққӣ гардад ва ё ба ҳайси абзори сиёсати хориҷӣ мавриди истифода қарор гирад. Дар сурате ки чунин рафтори ғайриқонунӣ бепосух боқӣ монад, ба зудӣ навбати як давлати аъзои мустақили дигар хоҳад расид. Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо дар сатҳҳои олӣ изҳор доштааст, ки на дар паи шиддат аст ва на хоҳони ҷанг. Эрон инчунин оғозгари ҳеҷ ҷанге нахоҳад буд.
Бо ин ҳол, дар сурате ки бар зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷовузи низомӣ сурат гирад, ба таври қатъӣ, мутаносиб ва дар чаҳорчӯби ҳаққи дифои қонунӣ мувофиқи моддаи 51 Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид посух хоҳад дод. Дар чунин вазъият ва дар чаҳорчӯби посухи дифоии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамаи пойгоҳҳо, иншоот ва дороиҳои нерӯи мутаҷовиз дар минтақа, ҳадафҳои қонунӣ талаққӣ хоҳанд шуд; ошкор аст, ки масъулияти комил ва мустақими ҳар гуна оқибати пешбининашаванда ва берун аз назорат, ба зиммаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоҳад буд.
Мӯҷиби имтинон хоҳад буд, агар мукотибаи ҳозир ба ҳайси санади Шӯрои Амният тавзеъ гардад. Фурсатро ғанимат шумурда, изҳори эҳтироми фавқаронаро такрор менамоям.
Амир Саид Иравонӣ
Сафир ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назди Созмони Милали Муттаҳид
Your Comment