Ба гузориши хабаргузории Обно, Пешвои муаззами инқилоби исломӣ имрӯз бегоҳ дар паёми телевизионӣ, ҷамъомади бузург ва миллионии мардумро дар рӯзи 22-уми баҳман сабаби сарбаландӣ ва афзоиши қудрат ва иззати Ҷумҳурии исломӣ ва мӯҷиби ноумедии душманон аз таслими миллати Эрон донистанд ва бо ташаккур аз ҳамаи ширкаткунандагон дар ин ҳаракати бузург, ҳамагонро ба ҳифзи иттиҳоди арзишманди миллӣ даъват намуданд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоменаӣ дар ин паём ба мардуми азизи Эрон гуфтанд: Дар рӯзи 22-уми баҳмани имсол кори бузурге анҷом додед; Эронро сарбаланд кардед, ҳамчунон ки ҳамеша бо пуштибонӣ аз Ҷумҳурии исломӣ бар қудрати он афзудед ва душманоне, ки дар изҳорот ва барномарезӣҳои худ дар пайи таслими миллати Эрон буданд, ноумед шуданд.
Пешвои инқилоби исломӣ музди ин ҳаракати азимро иззату иқтидори бештар ва истиқлоли комилтари Эрон донистанд ва афзуданд: Ҳамагӣ кӯшиш кунем, ки ин пайванд ва иттиҳоди миллиро, ки хеле арзишманд ва гаронбаҳо аст, ҳифз намоем.
Эшон бо таҷлил аз ҳузури мардум дар кӯчаҳо ва такрор кардани як ҳарф ва шиори воҳид ва ба душманон фахр кардани ҳувият ва шахсияти худ, таъкид карданд: Аз тамоми мардуми Эрон ташаккур ва дуроди фаровони худро ба як-яки ҳозирон дар ин ҷамъомади азим ва миллионӣ дар саросари кишвар тақдим мекунам.
Your Comment