Хабаргузории АБНА гуфт: Рӯзномаи амрикоии «Политико» дар гузорише навишт: Иттиҳодияи Авруко дар ҳоли ҳозир, бо вуҷуди сафари барномарезишудаи Марта Кос, Комиссари Иттиҳодияи Аврупо барои васеъшавӣ, ба Туркия, масъалаи аз нав шурӯъ кардани гуфтушунидҳои аъзоияти ин кишварро дар рӯйхати корҳо надорад.
Туркия яке аз кӯҳнатаринн номзадҳо барои аъзоият дар Иттиҳодияи Аврупо ба шумор меравад ва сабақаи робитаи он бо сохторҳои аврупоӣ ба даҳҳо сол пеш бармегардад. Ин кишвар дар соли 1999 расман ҳамчун "кишвари номзад ба аъзоият" шинохта шуд ва гуфтушунидҳои пайваст низ аз соли 2005 оғоз ёфт.
Аммо ин раванд ба тадриҷ бо монеаҳои ҷиддӣ рӯбарӯ шуд. Кишварҳои аврупоӣ нигаронӣ доранд, ки бо аъзоияти кишвари бузурге чун Туркия, ин иттиҳодия аз як мақоми минтақавӣ бо аксарияти аҳолии масеҳӣ ба иттиҳодияе бо аксарияти мусулмон табдил шавад.
Дар солҳои охир, қароқатҳои сиёсии дохилӣ дар Туркия ва ихтилофи назарҳои чуқур бо Брюссел боиси он шудааст, ки раванди аъзоият амалан дар ҳолати ист гирӣ қарор гирад, гарчанде аз назари ҳуқуқӣ ҳанӯз парвандаи аъзоияти Туркия пурра баста нашудааст.
Your Comment