AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

22 Май 2024

19:16:25
1460503

Пӯшиши густардаи маросими ташйиъи пайкарҳои шуҳадои хидмат дар шабакаҳои арабзабон + Видео

Шабакаҳову расонаҳои арабзабон аз субҳи имрӯз – чаҳоршанбе, ба таври мустақим ба пӯшиши хабарии ҳузури густардаи мардуми Эрони исломӣ дар маросими ташйиъи пайкарҳои шаҳид Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ва ҳайати ҳамроҳ пардохтанд.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи ИРНА, шабакаҳои “Алҷазира” ва “Алҷазира мубошир” аз ҳамон сооти оғозини субҳи имрӯз - чаҳоршанбе ба таври мустақими ҳаракати густардаи мардум ба самти маҳалли баргузории маросими ташйиъ дар Донишгоҳи Теҳрон ва хиёбонҳои атрофу таҷаммуи азодорон дар масирро ба тасвир кашида ва ба таври мудовим дар ҳоли пахши хейли азим аз ҷамъияте ҳастанд, ки дар расо (сӯг)-и раиси ҷумҳури маҳбуби худ ба ҳаракат даромадаанд.

 

Шабакаи “Аннуҷабо”-и Ироқ низ аз субҳи имрӯз пӯшиши маросими ташйиъи пайкарҳои шуҳадои хидматро оғоз карда ва бо пахши мустақим ва бо ҳузури хабарнигорони худ дар қолаби гузоришҳои хабариву тасвирӣ, филму акс, баргузории ин маросимро бо ҳузури густардаи мардуми ширкаткунанда ба тасвир мекашад.

 

Шабакаи “Алмасира”-и Яман, дигар шабакаи арабзабоне аст, ки бевақфа дар ҳоли пахши маросими видои мардум бо раиси ҷумҳури маҳбуби худу ҳамроҳони вафодори вай дар Донишгоҳи Теҳрону хиёбонҳои атроф аст.

Шабакаи “Фаластин алявм” низ зимни пахши мустақими ҳузури мардум дар маросими ташйиъи пайкари шуҳадои хидмат, бо нишон додани тасовири хейли азими ҷамъият дар масирҳову метрои Теҳрон, маҳбубияти раиси ҷумҳури шаҳиду шуҳадои ҳамроҳро ба тасвир кашидааст.

Бахши арабзабони шабакаи “Франс 24” низ бо пахши тасовири мустақим аз ҳузури густардаи мардум дар маросими ташйиъи пайкарҳои шуҳадои хидмат, ба мусоҳиба бо хабарнигори худ дар Теҳрон дар бораи ҷузъиёти маросими ташйиъ ва хоксупории шуҳадо пардохтааст.

 

Дар ҳамин росто, шабакаи телевизионии “Алмаёдин” низ бо истиқрори хабарнигорони худ дар масирҳои мухталифи ташйиъи пайкарҳои раиси ҷумҳур ва ҳамроҳони шаҳид ва ҳолу ҳавои маросим, ба мусоҳиба бо шуморе аз ширкаткунандагон пардохта ва дар ҳоли пахши мустақими он аст.

Шабакаи “Алаҳд”-и Ироқ дигар расонаи тасвирие аст, ки дар ҳоли пахши мустақими маросими ташйиъи шуҳадои хидмат ва видои мардум бо раиси ҷумҳури маҳбуби худашон аст.

 

Ин шабака ҳамроҳ бо хабарнигорони худ дар Теҳрон, сейли азими азодоронро дар масирҳои ҳаракат ба самти Донишгоҳи Теҳрон ва хиёбонҳои атрофи пур аз ҷамъият ба тасвир кашидааст.

Ҳузури Исмоили Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) ва шайх Наим Қосим, муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар ҷамъи азодорон низ дар конуни пӯшиши хабарии ин расонаҳо будааст.

 

Шабакаи Алманори Лубнон низ бо интихоби унвони «Видои миллионӣ бо раиси ҷумҳуру ҳамроҳони шаҳид» дар ҳоли пахши мустақими маросими ташйиъи пайкарҳои ин азизон дар масирҳои мухталиф ва мусоҳиба бо хабарнигорони худ, мустақар дар Теҳрон аст.

Ҳисоб Диёб, хабарнигори шабакаи “Алъарабӣ” дар Теҳрон низ тайи гузорише ба баргузории маросими ташйиъи шуҳадои хидмату ҳузури густардаи мардум дар он барои гиромидошти ёду хотираи шуҳадои хидмат ишора кард.

 

Ойини ташйиъи пайкари ин шуҳадо субҳи дирӯз - сешанбе дар Табрез баргузор шуд ва пас аз интиқоли пайкари мутаҳҳари онон ба Теҳрон ва истиқболи расмӣ дар фурудгоҳи Меҳробод, барои зиёрат ба Қум бурда шуд. Шомгоҳи сешанбе ойини видоъ бо шуҳадои хидмат бо ҳузури пуршӯру густардаи мардуми Теҳрон дар маҳалли Мусаллои бузурги имом Хумайнӣ баргузор шуд.