AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

30 Апрел 2024

17:01:54
1455350

Омодагии Эрон барои ҳамкории саноъатӣ бо кишварҳои африқоӣ

Раиси Созмони густариш ва навсозии саноеъи Эрон аз омодагии ин созмон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои африқоӣ дар эҷод ё такмили занҷираи саноеъи маъданӣ, нафту газ ва саноеъи табдилӣ хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бобак Аҳмадӣ дар нишасти тахассусии дувумин иҷлоси Эрон ва Африқо бо ишора ба инки тавсеаи ҳамкорӣ бо кишварҳои Африқо дар авлавиятҳои ҳамкориҳои байналмилалии Эрон қарор дорад, гуфт, кишварҳои африқоӣ дар солҳои ахир таҳарруки хубе дар арсаи тавсеаи саноъатӣ доштаанд, ки ин амр нишон медиҳад роҳкори муносиби ҳамкорӣ бо кишварҳои африқоӣ дар эҷоди як робитаи дутарафа аст.

 Муовини вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар идома бо ишора ба зарфиятҳо ва манобеъи табии қораи Африқо дар 3 бахши маодин, нафт ва газ ва заминҳои ҳосилхези кишоварзӣ, ҳадафгузории фаъолият Эрон дар Африқоро дар эҷод ё такмил занҷираи саноеъ маъданӣ, нафту газ ва саноеъи табдилӣ баён кард.

Энгетт Робард Ипполит Ҷейн Пауэлл-вазири саноеъ кӯчак ва мутавассити кишвари Африқои марказӣ ҳам бо ёдоварии ниёзи мубрами ин кишвар ба тавонмандиҳои саноъатӣ , дониши фаннӣ ва ҳамчунин неруи инсонии мутахассис, истифода аз таҷрибиёти Ҷумҳурии Исломии Эрон барои тавсеаи он кишвар дар заминаҳои мухталифро хостор шуд.

 Дувумин иҷлоси байналмилалии Эрон ва Африқо рӯзи ҷумъа (26 апрел 2024) бо ҳузури намояндагоне дар сатҳи мақомоти олии кишварҳои африқоӣ аз ҷумла вазирони иқтисодии беш аз 30 кишвари африқоӣ дар Теҳрон баргузор шуд.

 Африқо ҳамвора дар даврони пас аз инқилоби исломии Эрон аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Эрон будааст.


342/