AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

30 Апрел 2024

17:00:40
1455347

Афви байналмилал:Исроил аз силоҳҳои амрикоӣ зидди фаластиниён истифода мекунад

Созмони Афви байналмилал эълом кард, низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҳадаф қарор додани ғайрнизомиён дар борикаи Ғазза аз силоҳҳои амрикоӣ истифода мекунанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Вашингтон пост ба нақл аз Афви байналмилал гузориш дод, ки артиши режими саҳюнистӣ аз силоҳҳои амрикоӣ зидди ғайринизомиён дар Ғазза истифода карда, ки поймолсозии қонунҳои ҳуқуқибашарии байналмилалӣ аст.

 Пештар ҳам хабаргузории Райтер гузориш дод мавориди ҷиддӣ дар мавриди поймолсозии эҳтимоли қонунҳои башардӯстона аз сӯи режими саҳюнистӣ вуҷуд дорад, ки аз ҷумлаи ин маворид метавон ба ҳамлаҳои пайдарпаи артиши режими Исроил ба манотиқи ҳифозатшуда ва зерсохтҳои ғайринизомӣ, талафоти зиёди ғайринизомиёни фаластинӣ дар ҷараёни ҳамлаи артиш ба неруҳои низомии Ҳамос ва кутоҳӣ дар баррасии тахаллуфот ё муҳокимаи касоне, ки дар ворид омадани зарарҳои қобили таваҷҷуҳ ба ғайринизомиён ва куштани коргарон ва рӯзноманигорон нақш доштаанд, ишора кард.

Режими ишғолгари саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри гузашта (2023) бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густурдаеро дар борикаи Ғазза зидди мардуми бедфоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохта ва сукути ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарӣ дар баробари ҷиноёти режими ғосиби Исроил, мӯҷиби тадовуми куштори занон ва кӯдакони Фаластин тавассути мошини ҷангии ин режими ғайриқонунӣ шудааст.

 Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, шумори шуҳадои ҳамалоти режими наслкуши саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза аз ҳафтуми октябр 2023 то кунун ба 34 ҳазору 488 нафар ва шумори захмиҳо ба 77 ҳазору 643 нафар расидааст.


342/