AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

30 Апрел 2024

16:59:57
1455346

Амрико 5 қисми артиши саҳюнистиро поймолкунандаи ҳуқуқи башар донист

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико панҷ қисм аз артиши режими саҳюнистиро ба иллати ҳаводиси қабл аз ҷанги Ғазза поймолкунандаи ҳуқуқи башар донист.

Ба гузориши Таймс Исроил, Вазорати хориҷаи Амрико эълом кард, ки панҷ қисм аз артиши Исроилро масъули «поймолкунандаи фоҳиши ҳуқуқи башар» дар ҳаводиси берун аз Ғазза медонад.

 Ҳаводисе, ки Вазорати хориҷаи Амрико ба он ишора дорад, марбут ба Каронаи бохтарӣ ва қабл аз таҳмили ҷанги режими саҳюнистӣ дар Ғазза мебошад.

 Вадонт Патл-сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико гуфт, ки чаҳор қисм аз онҳо тахаллуфотро ҷуброн карданд, дар ҳоле ки Исроил дар робита бо қисми панҷум иттилооти изофӣ ироа карда ва гуфтугӯҳо дар ин бора идома дорад.

 Ин изҳори назар дар ҳоле аст, ки Амрико тасмим ба худдорӣ аз таҳримӣ қисми панҷум ба номи Натсҳ Яҳудо гирифтааст.

342/