AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

30 Апрел 2024

16:59:32
1455345

Интиқоди Русия аз мухолифати Амрико бо таҳқиқоти Девони байналмилалии кайфарӣ дар бораи ҷиноёти режими Исроил дар Ғазза

Русия аз мухолифати Амрико бо таҳқиқоти Девони байналмилалии кайфарӣ дар бораи ҷиноёти режими наслкуши Исроил дар борикаи Ғазза интиқод кард .

Ба гузориши Ирно , Русия рӯзи сешанбе мухолифати Амрико бо таҳқиқоти Девони байналмилалии кайфарӣ дар бора ҷиноёти режими ишғолгари саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ва дар айни ҳол ҳимояти Амрико аз ҳукми ин ниҳоди байналмилалӣ барои дастгирии « Владимир Путин » раиси Ҷумҳурии Русияро риёкорона хонд .

Русия ҳамчунин судури ҳукми Девони байналмилалии кайфарии зидди « Владимир Путин » талоши бемаънии Ғарб ба манзури хадшадор кардани эътибор Маскав донист ва ҷиноёти ҷангӣ дар Украинро рад мекунад .

«Мария Захарова» сухангӯии Вазорати хориҷаи Русия низ дар посте дар Телеграм навишт , Амрико комилан аз судӯри ҳукми Девони байналмилалии кайфарии зидди Русия ҳимоят мекунад аммо низоми сиёсии он машрӯъияти ҳамин ниҳоди байналмилалиро дар робита бо худ ва моҳвораҳояш ба расмият намешиносад .

Захарова  мавзеъи  Амрикоро аз назари фикрии пуч тавсиф кард .

342/