AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Душанбе

29 Апрел 2024

19:46:22
1455086

Раиси Ҷумҳурии Эрон : Хезиши донишҷӯёну нухбагони ғарбӣ бо аъмоли хушунат хомӯш намешавад

Раиси Ҷумҳурии исломӣ Эрон гуфт , хезиши донишҷӯён , устодону нухбагони ғарбӣ дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Фаластин рӯйдоди бузург ва дорои абъодӣ васеъӣ аст ки бо зарбу шатм , боздошту аъмоли хушунат хомӯш намешавад .

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин хезиши донишҷӯён , устодону нухбагони ғарбӣ дар ҳимоят аз мардуми мазлӯми Ғаззаро рӯйдоди бузург ва дорои абъоди густарда тавсиф кард ва бо қадрдонӣ аз нақши офаринии расонаҳо дар ошкор кардан ва ба тасвир кашидан моҳияти бидуни рутуши Ғарб , афзӯд , бидуни тардид ин хезиш ва бедорӣ дар муқобили зулму ҷиноят ва султагарӣ бо аъмоли хушунат , зарбу шатм ва боздошти асотиду донишҷӯёни ҳомии мазлӯмини Ғазза хомӯш нахоҳад шуд .

342/