AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Якшанбе

28 Апрел 2024

20:14:56
1454816

Иддаои расонаи исроилӣ: Режими Исроил омодаи мувофиқат бо шурути Ҳамос аст

Як расонаи исроилӣ муддаии омодагии ин режим барои мувофиқат бо шурути Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар барқарории оташбас шуд.

Рӯзномаи “Исроил ҳайум” рӯзи якшанбе навишт: “Исроил омодаи посухгуӣ ба тамоми хостаҳои Ҳамос ба ҷуз эъломи поёни ҷанг пас аз давраи табодули асирон аст.

Ин рӯзномаи исроилӣ дар идома муддаӣ шуд, Исроил қасд дорад 10 рӯз то 2 ҳафтаро барои дастёбӣ ба тавофуқ бо Ҳамос ба манзури озодии шуморе аз асирони исроилӣ ихтисос диҳад.

Рӯзномаи исроилии “Йедиот Оҳрунут” низ иддао кард, Исроил дар ҳоли омода шудан барои эъзоми ҳайате ба Қоҳира барои такмили музокирот аст.xПеш аз ин низ манобеи хабарӣ гузориш доданд, ки ҳайате аз Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) барои музокира бо режими саҳюнистӣ рӯзи душанбе роҳии Қоҳира, пойтахти Миср хоҳад шуд.

Бино бар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷанги Ғазза дар ҳафтуми октябри гузашта то кунун сивучаҳор ҳазору 454 фаластинӣ дар борикаи Ғазза ба шаҳодат расидаанд ва ҳафтоду ҳафт ҳазору 575 нафар ҳам захмӣ шудаанд.

342/