AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Панҷшанбе

25 Апрел 2024

17:20:00
1454083

Амирабдуллоҳиён: Кохи Сафед бояд ҳимоят аз ҷиноёти ҷангии Исроилро фавран мутаваққиф кунад

Вазири умури хориҷаи Эрон бо интиқод аз саркӯб ва бархурди хашини неруҳои амниятии Амрико бо устодон ва донишҷуёни мӯътариз ба ҷиноёти ҷангии режими Исроил, гуфт: Кохи Сафед бояд ҳимоят аз ҷиноёти ҷангии режими Исроилро фавран мутаваққиф кунад.

Ҳусайни Амирабдуллоҳиён рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба саркӯби донишҷуёни Амерко тавассути полиси ин кишвар ба далели ҳимоят аз Фаластин дар шабакаи иҷтимоии "Х" навишт: Саркуб ва бархурди хашини полис ва неруҳои амниятии Амрико бо устодон ва донишҷуёни мӯътариз ба наслкушӣ ва ҷиноёти ҷангии режими Исроил дар донишгоҳҳои мухталифи ин кишвар, амиқан мавриди нигаронӣ ва инзиҷори афкори умумии ҷаҳон аст.

342/