AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Чоршанбе

17 Апрел 2024

17:15:37
1452145

Паёми табрики Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба қаҳрамонони куштии озод ва фарангии Эрон

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ қаҳрамони тимҳои куштии фарангӣ ва озоди Эронро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Бишкеки Қирғизистон табрик гуфтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар пайи қаҳрамони тимҳои куштии фарангӣ ва озоди Эрон дар ин мусобиқот, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз чаҳоршанбе дар паёме аз ҷавонони гӯштигири қаҳрамон, ки бо тавоноӣ ва иродаи худ дилҳои мардумро шод карданд , самимона ташаккур карданд.

Тими миллии куштии озоди Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар рақобатҳои қаҳрамонии Осиё дар Бишкек бо касби 5 тило ва се медали бринҷӣ қаҳрамон шуд ва тими куштии фарангии Эрон ҳам дирӯз чаҳоршанбе дар Бишкек бо касби 4 медали тило, 3 нуқра ва 2 бринҷӣ қаҳрамон шуд.

342/