AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Сешанбе

16 Апрел 2024

20:00:17
1451891

Созмони Милал : Исроил ба маҳдӯдиятҳои “ ғайриқонӯнии “ кумак ба Ғазза идома медиҳад

Сухангӯи Коммиссарияи Ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид , аз тадовуми эъмоли маҳдӯдиятҳои “ ғайриқонӯнии “ режими саҳюнистӣ дар заминаи ирсоли кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғазза хабар дод .

Ба гузориши Ирно ,  Ravina Shamdasani сухангӯии Коммиссарияи Ҳуқуқи башари Мозмони Милали Муттаҳид дар конфаронси матбуотӣ дар Женева гуфт : Исроил ҳамчунон маҳдудиятҳоӣ ғайриқонуниро дар вуруд ва тавзеъи кумакҳои инсондӯстона ба борикаи Ғазза эъмол мекунад ва ба тахриби густардаи зерсохтҳои ғайринизомӣ дар ин борика идома медиҳад .Сухангӯии Коммиссарияи Ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид тасреҳ кард , ба рағми интиқодҳои густарда аз иқдомоти саҳюнистҳо , режими Исроил муддаӣ аст ки вақфае дар кумакҳои инсондӯстона дар Ғазза эҷод накардааст . Бинобар эъломи Вазорати беҳдошти Фаластин , шумори шуҳадои ношӣ аз ҷанги режими саҳюнистӣ зидди сокинони Ғазза ба 33 ҳазору 843 нафар ва шумори маҷрӯҳон низ ба 76 ҳазору 575 нафар расидааст .

342/