AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Якшанбе

14 Апрел 2024

19:04:32
1451269

Байден: ҳамлаи ҳавои Эрон бесобиқа буд; бо гуруҳи 7 барои вокуниши диплумотик ташкил ҷаласа хоҳам дод

Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико бо изъон ба ин ки ҳамлаи ҳавои Эрон ба таъсисоти низомии Исроил бесобиқа буд, эълом кард ки барои ҳамоҳангии вокуниши диплумотик ба ҳамлаи Эрон ба Исроил бо раҳбарони гуруҳи 7 рузи якшанбе ба вақти маҳаллии ташкил ҷаласа хоҳад дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико шанбешаб ба вақти маҳаллӣ бо интишори баёнияи эълом кард: авоили имрӯз шанбе ба вақти маҳаллӣ Эрон ва неруҳои ниёбатии он ки дар Яман, Сурия ва Ироқ фаъолият мекунанд ҳамлаи ҳавоӣ бесобиқаеро алайҳи таъсӣсоти низомӣ дар Исроил анҷом доданд. Ман ин ҳамалотро ба шадидтарин ваҷҳи мумкин маҳкум мекунам .

Раиси Ҷумҳурии Амрико дар идомаи талош барои дилгармӣ ва афзоиши руҳияи режими Исроил тасреҳ кард: ба дастури ман , барои ҳимоят аз дифои Исроил , артиши Амрико тайи ҳафтаи гузаштаи ҳавопаймоҳо ва новшиканҳои дифои мушакии зидди болистикро дар минтақа мустақар карда буд. Ба лутфи ин истиқрорҳо ва маҳорати фавқулодаи неруҳои низомиямон, мо ба Исроил кумак кардаем тақрибан тамоми паҳподҳо ва мушакҳои вурудиро сарнигун кунад .

Байден дар идомаи талошҳои Вашингтон барои афзоиши руҳияи Исроил муддаи шуд: ман бо Натаняҳу суҳбат кардам то бар таъаҳуди Амрико ба амнияти Исроил таъкид кунам. Ба у гуфтам ки Исроили тавонои зиёдӣ барои дифо аз худ ва шикаст ҳатто ҳамалот бесобиқа аз худ нишон додааст ва паёмии возеҳ ба душманонаш ирсол мекунад ки наметавонанд амнияти Исроилро ба таври муассир таҳдид кунанд .

342/