AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Якшанбе

14 Апрел 2024

19:04:06
1451267

Иттилоъияи Cипоҳи посдорон инқилоби исломӣ дар пайи ҳамалоти талофиҷуёнаи Эрони зидди Исроил

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо ишора ба инҳидоми аҳдофи низомии муҳими артиши террористии саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ таъкид кард, ҳаргунаи таҳдиди Амрико ва режими саҳюнистӣ аз мабдаи ҳар кишвари бо посухи мутақобили Ҷумҳурии Исломии Эрон ба маншаи таҳдид мувоҷеҳ мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо судури баёнияи эълом кард, дар пайрави аз сиёсатҳои роҳбурдии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба давлати террористии Амрико ҳушдор дода мешавад ҳаргунаи пуштибонӣ ва мушорикат дар зарба ба манофеи Эрон, посухи қотеъ ва пушаймонкунанда неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар пай дорад ҳамчунин Амрико нисбат ба иқдомоти шарорати бори режими саҳюнистӣ масъулият дошта ва дар сурати маҳорнакардани ин режими кудакуш дар минтақа бояд табаъоти онро бипазирад .

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо таъкид бар сиёсати ҳасани ҳамҷаворӣ бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақаи таъкид тасреҳ кард ҳаргунаи таҳдид тавассути давлати террористии Амрико ва режими саҳюнистӣ аз мабдаи ҳар кишварӣ , посухи мутақобил ва мутаносиби Ҷумҳурии Исломии Эронро ба маншаи таҳдид ба дунбол хоҳад дошт .

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ҳамчунин ба миллати қаҳрамони Эрон этминон дод , сипоҳ ва дигар неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ дар дифо аз манофеи миллӣ то пойи ҷон истода ва талошҳои душманон барои барҳам задани амният ва оромиши мардумро хунсо хоҳад кард .

10 рузи пас аз ҳамла ба бахши консулии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Димишқ ба унвони бахше аз хоки Эрон ва ба шаҳодат расидани ҳафт нафар аз мусташорони қонунии ин кишвар ва вокуниш нишон надодани сариҳи ҷомеъаи байналмилалӣ ба ин иқдоми ғайриқонӯнӣ , бомдоди якшанбеи 14 апрел Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо шиллеки паҳпод ва мушак ба суи сарзаминҳои ишғолӣ , иқдом ба танбеҳи ин режим мутаҷовиз кард .

342/